Рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат, рукни устувори давлатдории мустақил, кафили бақои миллату тамаддуни оламгир, инчунин, гиромидошти Рӯзи омӯзгорон – машъалафрӯзони роҳи саодат, мураббиёни насли бомаърифату хушахлоқ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор барои мардуми фарҳангдӯсти кишвар, аҳли илму маориф, соҳибони забони нобу кӯҳанбунёд рамзи неки иттиҳоду ҳамбастагӣ ва фаъолияти созандаву дастаҷамъона дар партави сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ишора рафт, ки забони тоҷикӣ дар пайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ – забони дарӣ ва форсӣ – дар раванди садсолаҳои фаротаърихӣ ҳамчун забони тамаддунофар дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархӯрдор буд ва аз баракати сиёсати хирадбунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар зодгоҳи худ мақоми пешин ва деринаи худро соҳиб гардида, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён – ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида, мавриди корбурд қарор гирифтааст.
Дар идома як қатор омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва собиқадорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври ноҳиявӣ ва вилоятии озмунҳои чумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва » Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Диплом ва туҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд.
Дар охир барномаи таҳиянамудаи аҳли фарҳанги ноҳия манзури тамошобинон гардонида шуд.