Санаи 1 сентябр бахшида ба оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, дар муассисаи таҳсиллти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо зинда садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун ва суовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қурбонзода Маҳмадулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ бо суханронии директӣри муассисаи таълимӣ оғоз ёфта, номбурда меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро аз номи маъмурияти муассиса табрику муборакбод намуд. Дар идомаи суханронии худ баромадкунандагон қайд намуданд, ки соли нави хониш дар кишвари мо ҳамасола 1 сентябр оғоз мегардад. Бояд қайд намуд, ки шаҳодати равшани эҳтироми бузурги давлату ҳукумат ба сулҳу субот, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, маънавиёт ва маърифат, меҳнати пурмашаққати омӯзгорон ва заҳмати хонандагону мактаббачагон, яъне насли ояндаи миллат мебошад. Дарси сулҳ насли ҷавонро ташвиқ мекунад, ки илмро омӯзанд, ҳаётро дӯст доранд, якдигарро эҳтиром кунанд ва дар пойдории сулҳу субот саҳмгузор бошанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо “Рӯзи дониш” ҳамчун иди маърифат ва дониш ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир аз ҳар як шахс маълумот ва касбро талаб мекунад.

     Гузаронидани дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳни ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин кунем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз таҳсилоти ҳозираи наврасону ҷавонон вобаста аст.