Санаи 31.08.2024 дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҷониби Гулзода Зафар Шамсуддин, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар толори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кудакони ятим ва бепарастори ноҳия туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кул ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд тақдим гардид.
Туҳфаҳо аз маҷмӯи сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буда ба 119 нафар хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва 11 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоати муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шуд.
Ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад қайд намуданд Гулзода Зафар Шамсуддин зимни тақдими туҳфаҳо.
Хонандагон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимону оилаҳои ниёзманд хушҳол гардида, ба Сарвари давлат ва Ҳукмати мамлакат миннатдории самимӣ изҳор намуданд.