Рӯзи 2 августи соли 2024 бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, аъзои Шӯро ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» изҳори намуда, таъкид доштанд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ басо муҳим мебошад.

Зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифаи ҳуқуқӣ” ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузоранд, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоянд, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.

Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида, корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҷавобгӯ ба замони муосир бештар гузаронида шавад.

Сипас, гузориши прокурори ноҳия Холиқзода А, сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Назокатов П, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода С ва намояндаи суди ноҳия Дӯстов Ш оид ба пешгирии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта шунида шуд.

Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин бинобар вазъи мураккаби сиёсӣ ва авҷ гирифтани буҳрони иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур доданд, ки бо дарназардошти тамоюли зиёдшавӣ касб кардани раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта, ҷиҳати аз байн бурдани ин омили номатлуб тадбирҳои муассир андешанд ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба талаботи қонунҳо ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ дар байни мардум бештар гузаронида шавад.

Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси ноҳия дар назди аъзои Шӯро вазифаҳо гузоштанд, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули фардии “Хона ба хона” «Маҳал ба маҳал» ва «Мактаб ба мактаб» тадбирҳои натиҷабахш андешанд.