Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар партави таҷлили бошукуҳи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” рӯзи 23 июли соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин бо фаъолон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон, Маҳмудзода Муслиҳиддин, роҳбари дастгоҳи раиси нрҳия Олимхуҷазода Муҳаммадӣ, прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз Абдуғафор, сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тағойзода Сафаралӣ Хол, сардоои шуъбаи дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинбудаи РКДАМҶТ дар вилояти Хатлон Назокатов Пайрав ширкат намуданд.

  Ҳамчунин дар кори ҳамоиш роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, намояндагони занону ҷавонон, аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин иштирокдоронро бо рӯзномаи вохӯрӣ ошно намуд.

Сипас, Ғоибзода Насимҷон муовини раиси ноҳия оид ба муҳтавои эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо такя ба паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин, ки рӯзи 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, андешаронӣ намуд.

Мавсуф зимни баромад роҷеъ ба тағйироту иллваҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим» ворид карда шудааст, » Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин моддаҳои дахлдори Кодекси маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти қонунҳои болозикр нигошта шудаанд, изҳори андеша намуд.

 Гуфта шуд, ки тавре дар паём Пешвои муззами миллат иброз доштанд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Зимни суханронии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол ва прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз Ғафор аз рафти амалишавии қонунҳои мазкур ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.

Воқеан ҳам “Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем.

Ҳамзамон дар ҳамоиш ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашну маросимҳо ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар омилҳо байни иштирокдорон ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин аз сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайгирони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтару хубтар намудани шароити зиндагии арзандаи сокинони мамлакат тамоми чораҳои заруӣ даст гирифта шуда, дар ин самт чандин барномаву стратегияҳо ва қонунҳо ба тавсиб расидаанд, ки тавонистанд дар баланд бардтштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин мавсуф аз қабули қонунҳои болозикр ва тағйиру иловаҳо ба онҳову моддаҳои дахлдори Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба самти тарбияи кӯдак ва танзими расму оин ёдовар гардида, аз иштирокчиён хоҳиш намуданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур бетараф набошанд. Ҳамчунин ба муовини раиси ноҳия супориш доданд, ки доир ба масъалаҳои мазкур дар асоси амри раиси ноҳия гурӯҳои корӣ таъсис дода, дар ҳар як маҳалла бо сокинон вохӯриҳоро баргузор намоянд.