Рӯзи 11 июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, қисман директорони муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳои деҳотӣ, раисони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, имомхатибон ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоавӣ иштирок доштанд.
Нахуст доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар нимсолаи аввали соли 2024 гузориши муовини аввали раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ноҳия аз дастоварду музаффарияти аҳли заҳмати ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 ёдовар шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани нишондодҳои ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас муовинони раиси ноҳия Маҳмудзода Муслиҳиддин, Ғоибзода Насимҷон ва Ҷумъазода Шифо аз фаъолияти шашмоҳаи соҳаҳои худ аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина вусъат бахшидани корҳои сохтмониву ободонӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи соли нави хониш маълумот доданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мазкур ҳисоботҳои мудири шуъбаи кишоварзӣ, шуъбаи маориф, фарҳанг, раёсати молия, нозироти андоз, бахши ҳифзи муҳити зист шунида шуд.
Дар охир раиси ноҳия барои бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.