Рӯзи 25 июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (даъвати шашум) баргузор гардид.

   Дар кори иҷлосия доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории Макомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ,, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатиби масҷиди ҷомеи марказӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони касалхонаҳои рақамию бунгоҳҳои тиббӣ ва сохибкорони маҳаллӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-мудири шуъбаи меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ иштирок доштанд.

 Баъди анҷоми Суруди миллӣ ва интихоти котиботу муаяйн намудани регламент аз рӯи масъалаи якум доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 30 марти соли 2022, №108 “ Оид ба қарори раиси вилояти хатлон аз 11 феврали соли2022, №50 “ Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35- солагии Истиқллияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷамоатхои дехоти ноҳия муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Муслиҳиддин баромад намуд.

   Қайд карда шуд, ки бо мақсади дар сати баланди омодаги сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 қарори дахлдори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 30 марти соли 2022 ба тавсиб расида дар асоси он нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардиданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ноҳия сохтмони 216 иншоотҳои таъионташон гуногун ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2022-2023 67 адад иншоот ба истифода дода шуд, ки ба 72 %-и иҷрои нақша ва 31 %-и иншоотҳои дар умум ба нақша гирифта шуда баробар мебошад. Айни ҳол жар 60 иншоот корҳои сохтмониву таъмирӣ бомаром идома дошта, дар 7 иншоот корҳои лоиҳакашӣ рафта истодааст.

Қайд карда шуд, ки соли 2023 тибқи нақша бояд 42 адад иншоот мавриди истифода қарор дода мешуд, бо назардошти иншоотҳои иловагӣ 54 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 128%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Баъди маърӯзаи муовни раиси ноҳия Маҳмудзода Муслиҳиддин ва муҳокимаи вакилон раиси ноҳия ҷиҳати дар вақти муайяншуда ба истифода додани иншоотҳои боқимонда ва ба ин васила дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

  Сипас масъалаҳои дигари иҷлосия мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри ислоҳои камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

    Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.