Рӯзи 21 июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки Дӯстзода Кароматулло-Муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Толибҷон-сардори шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумъазоди Шифо муовини раиси ноҳия вохӯрӣ бо кормандони касбу кори гуногун, инчунин фаъолон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи ноҳия баргузор шуд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо ба сухан баромада, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис ошно намуд.
Сипас маърузачиён ба сухан баромада, қайд намуданд, ки тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон 28 декабри соли 2023 ба ифтихори қабули 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро дар ҷумҳурӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки бо ин мақсад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 ба тавсиб расонида шуд.
Мақсад аз ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.
Дар давом оиди мавзӯъҳои тероризм — экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пос доштани арзишҳои миллӣ хусусан худдорӣ кардан аз фарҳанг ва либоси бегона инчунин тарбияи дурусти фарзанд, муноқишаҳои оилавӣ байни ҷавонон ва навхонадорон ибрози андеша намуданд.
Дар анҷом Ҷумъазода Шифо муовини раиси ноҳия қайд намуданд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вохӯрии гурӯҳои корӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар баргузор гашта истодааст.
Бояд таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои лозимаро роҳандозӣ намудааст. Вобаста ба ин ҷиҳати ба саҳми ҳозирин расонидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин пешгирии амалҳои номатлуб дар байни сокинон бо амри раиси ноҳия аз 15 марти соли 2024 гуруҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки имрӯзҳо фаъолият дорад. Ва ҳамчунин дар заминаи қарори раиси вилояти Хатлон қарори дахлдори раиси ноҳия низ ба тависб расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дастраси масъулин гардонида шудаанд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун дигар афроди ватандӯсти кишвар бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа талош меварзанд.