Дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо бояд ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар аз ҳамаи арзишҳои миллии хеш дифоъ намояд. Дар сурати ғайр миллат дар кутоҳтарин фурсат аз байн меравад, давлат ба қисмҳо ҷудо гашта, бозичаи дасти абарқудратон мегардад.

     Имрӯзҳо баъди пурзӯр шудани назорат дар масъалаи фарҳанги либоспӯшӣ ва ташвиқи саросарии либоси миллӣ миёни аҳолӣ, махсусан бонувон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ном мавлавию домуллоҳои кишвари ҳамсояи мо Афғонистон аз минбари масҷид бо тамоми ҳастӣ ҷор зада, худро мунису ғамхори мардуми тоҷик нишон медиҳанд.

     Онҳо танҳо супориши хоҷагонашонро иҷро менамоянд ва аз хати кашидаи онҳо як қадам берун намегузоранд. Аламовараш ин аст, ки дар масири таърих борҳо давлати тоҷикон аз дасти фарзандони нохалаф ва бегонапараст ба шикаст мувоҷеҳ шудааст ва қисматҳои зиёди сарзаминҳои аҷдодии хешро маҳз бо шарофати хизмати хирсонаи ҳамин фарзандон аз даст додааст. Имрӯзҳо маҳз бархе аз тоҷикони муқими Афғонистон бо истифода аз минбарҳои масҷид мардумро ба ҷиҳод дар Тоҷикистон даъват намуда истодаанд, ки ин ҳама хилофи қонунгузориҳои байналмиллалӣ мебошад. Ҳайҳот, ки эшон ба ҷуз ду ояти Қуръони маҷид аз дигар илмҳои замон бехабаранд. Ин домуллоҳои тоҷиктабори муқими Афғонистон фаромўш кардаанд, ки аввалин шуда ба ҳимояи тоҷикони муқими Афғонистон маҳз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд намуда, аз онҳо дар давраи ба сари қудрат омадани толибон пуштибонї намуда буд ва то имрӯз пуштибонї намуда истодааст. Ин домуллоҳои кӯрнамак оё фаромӯш кардаанд, ки аввалин шуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди заминларзаи шадид дар Ҳирот барои зарардидагони ин офати табиї бо миқдори 130 нақлиёти боркаш маводи аввалияи ниёзи мардумро ҳамчун кӯмак ба ин мардум ирсол намуд.

    Ба ном мавлавї Фирўз ва Абдуќадир Њомї даво пеш меоранд, ки таълими Қуръон дар Тоҷикистон манъ аст, оё ин домуллоҳои фитнагару тавтеаандоз боре ба Тоҷикистон омадаанд? Агар не, пас чаро аз минбари Расули Худо дурӯғ мегӯяд? Ай ба ном мавлавиҳои бинои бадтар аз кур биёеду бо чашми сар аз наздик бубинед, ки дар Тоҷикистон Мадрасаи исломӣ бо номи Абу Ҳанифа ва даҳҳо маркази исломшиносӣ фаъолият менамоянд, ки мардум аз онҳо озодона истифода мебаранд.

    Доир ба сатру ҳиҷобе, ки шумо мегӯед ин моли мардуми мо нест ва тоҷикон либоси хосси миллии хешро доранд ва аз сатру ҳиҷоби мегӯфтаи Шумо ҳеҷ камӣ надорад. Имрӯзҳо шумо ва шумо баринҳо, ки чоплусу лаганбардорони толибонед ва аз гуфтаи онҳо сарпечӣ намуда наметавонед ҳар чизе, ки аз даҳони беқолабатон бармеояд, гуфтан мегиред! Шумо шарм надошта, боз хитоб менамоед, ки биёед дар ҳаққи мардуми Тоҷикистон дуогӯ бошем. Мо тоҷикони асил ба дуои шумо баринҳо эҳтиёҷе надорем, агар дуои шумоён мустаҷоб гардад танҳо дар ҳаққи мардуми Афғонистон дуо кунед, то ки мардум як даҳан нон ёфта шиками фарзандонашонро сер намоянд ва духтарони сатру ҳиҷобдори ноболиғи худро бо як луқмаи нон иваз ва сатру ҳиҷобпӯшонро аз синни 9-10 солагиашон бадбахт насозанд. Як афѓони донишманд Шафии Айёр хеле хуб хитоб менамояд, ки: “… ай ҷавон хело чӯҷа таваллуд шудаӣ ва аз моҳияти давлату миллат чизеро намедонӣ , бирав дар Тоҷикистон ки хеле давлати ободу озод ҳаст мисли одам кор ва зиндагӣ намо, чунки Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои мардумаш муҳайё намудааст!”

   Хитоби охирин ба домуллоҳои тоҷиктабори муқими Афѓонистон ин аст, ки ним аср боз инҷониб дар кишваратон ҷиҳод ҳасту оҳу афғон, гуруснагию қаҳтӣ ва беморию нодорӣ. Шумои беҳайсият ҳар чӣ тавон доред барои мардуми хеш масраф намоед ва дар умури дохили Тоҷикистон дахолат накунед.

    Мардуми Тоҷикистон тамоми арзишҳои миллии хешро аз ҳама намудҳои арзишҳои бегона боло дониста, дар паҳлӯи Ҳукумати мамлакат содиқона рост истода, барои фардои дурахшон заҳмату талош менамояд ва дар роҳи ватандорию давлатсозӣ бо такя бо арзишҳои суннатии миллат, ки аз умқи таърих маншаъ мегиранд ояндаи мамлакати худро месозад.

 

Маҷнунов А-ноҳияи Ш.Шоҳин