Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол намудани 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шурӯъ аз 15-уми майи соли равон дар майдони варзишии маркази ноҳия мусобиқаи футбол байни деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд, ки то санаи 6-уми июни соли равон давом кард.
Ёдовар мешавем,ки дар чорабинии варзишӣ 13 даста дар 3 гурӯҳ тақсимбандӣ карда шуда, байни ҳам сабқат намуданд.
Дастаҳои деҳаи Себдара, Хоҷағалтон ва маҳаллаҳои Синою Ҷавонон бо нишон додани маҳорати хуби футболбозӣ бар ҳарифони худ зафар ёфта, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Дастаҳои деҳаи Себдараву Хоҷағалтон бо шикаст додани рақибон ба қисмати финалии мусобиқа роҳ ёфтанд,ки дар натиҷа дастаи футболбозони деҳаи Себдара ба дарвозаи ҳариф 4 голи беҷавоб зада, ғолиби мусобиқа ва соҳиби “Ҷоми ҲХДТ” гардид.
Натиҷаи мусобиқа:
Ҷойи 1. Деҳаи Себдара
2. Деҳаи Хоҷағалтон
3. Маҳаллаи Сино
4.Маҳаллаи Ҷавонон
Ғолибони мусобиқаи футбол соҳиби “Ҷоми ҲХДТ”, ифтихорнома, сипоснома, медал ва бо маблағҳои пулие, ки аз тарафи ҳайати тадорукот таҳия гардида, сарфароз гардонида шуданд.