Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ввҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9 марти соли 2024, инчунин зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 25 майи соли 2024 ва дар вохӯрӣ ба аҳли илму маорифи кишвар рӯзи 30 майи соли 2024 баён доштанд, вохӯрии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гашта истодааст.
- Аз ҷумла чунин як вохӯрӣ рӯзи 5 июни соли 2024 бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Саричашма баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хурофотпарастӣ, таблиғу ташфиқи фарҳанги миллӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯш ва истифодаи либосҳои ба фарҳанги мо бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар баргузории тую маросим ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ диққати хос зоҳир гардида, баромадкунандагон доир ба масъалаҳои мазкур изҳори андеша намуданд.
Аз ҷумла зимни сӯҳбат Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин аз дастоварду пешравиҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардида, сокинонро ба ватандӯстию худшиносӣ ва ҷараён бахшидани маъракаи ҳосилғундорӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва истифодаи мақмадноки заминҳо даъват намуданд.
Дар рафти ҷамъомад прокурори ноҳия дар хусусӣ баланд бардоштани ҳуқуқу маърифати сокинон баромад карда, саҳми сокинонро дар пешрафт ва ободии маҳал ба маврид ҳисобид.
Иштирокчиё ҷиҳати густариши бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо пешниҳодҳои муфид карданд.