Гуруҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонон ва волидайни онҳо вохӯрӣ доир намуданд.
Нахуст, Рамазон Насриддинзода — сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сухан карда, саҳми ҷавонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро дар корҳои ободонию созандагӣ ва дӯст доштани Ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз хурди дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ тарбия меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрӣ намояндагони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Самиалоҳ ва Саодати Исайнӣ дар навбати худ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Зимни сӯҳбат баромадкунандагон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ободонӣ таваҷҷуҳ карда, саҳми мардуми маҳалро дар ин ҷода ба маврид ҳисобиданд.
Маълумот аз саҳифаи расмии Шӯъбаи иттилоотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон