Санаи 31-уми майи соли ҷори бахшида ба 1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии идона доир гардид,
Дар чорабинии имрӯза муовинони раиси ноҳия Ғоибзода Н.А ва Ҷумъазода Ш иштирок доштанд. Зимни сухани табрикотӣ, иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар рафти баргузории чорабинии идона кӯдакон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида ҳамчунин дастаи ҳунармандон бо созу суруди дилнишинашон хотири ҳозиринро шод гардонданд.