АХБОР Ҷавонон

БУҲРОНИ ИДЕОЛОГӢ ВА НАҚШИ ЗИЁИЁНУ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

БУҲРОНИ ИДЕОЛОГӢ ВА НАҚШИ ЗИЁИЁНУ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, имрӯз 30.05.2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки адибону сиёсатшиносони варзидаи кишвар — Ато Мирхоҷа, Абдуллоҳи Раҳнамо, Хайриддини Хайрандеш, Ҳақназар Ғоиб ва Файзалӣ Ҳасан чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ дар мавзуи “Буҳрони идеологӣ ва нақши зиёиёну ҷавонон дар таҳкими низоми арзишҳои давлатдории миллӣ” бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид.

Нахуст, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ҳузури меҳмононро ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хайрамақдам гуфт.

Сипас, Ато Мирхоҷа — муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдуллоҳи Раҳнамо- директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Хайриддини Хайрандеш — шоири халқии Тоҷикистон суханронӣ намуда, доир ба нақши зиёиёну рӯшанфикрон дар таҳкими низоми арзишҳои давлатдории миллӣ ва гиромидошти он ватандӯстиву ватанпарасӣ ишора намуданд