АХБОР

ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САБЗАЛӢ ҶАФЪАРЗОДА БО ОМӮЗГОРОНУ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САБЗАЛӢ ҶАФЪАРЗОДА БО ОМӮЗГОРОНУ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ
Читавре ба ҳамагон маълум аст шуруъ аз 1 феврал дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми корҳои иттилоърасонӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1 то 9 феврал ба ҳамаи шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд.
Чунин як воҳхӯрӣ имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки беш аз 230 нафар хатмкунандгони синфҳои 9-11- и муассисаҳои таълимии ноҳия ва волидону омӯзгорон доир гардид, ки дар он директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода иштирок намуд.
Зимни воҳхӯрӣ Сабзалӣ Ҷафъарзода ба довталабон муроҷиат намуда, баён дошт, ки бо ҳамаи ин шароите, ки Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароятон муҳайё намудааст, шумо тамоми имкониятро баҳри донишҷӯ шудан доред. Шуморо зарур аст, ки омӯзед, барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаро аз худ намоед, ба имтиҳонҳо хуб омода шавед ва танҳо ба донишу маҳорат ва лаёқати худ такя созед. Фирефтаи ашхоси қаллобу маккор нагардед, зеро дастгири шумо барои донишҷӯ ва соҳиби таҳсилоти миёна ё олии касбӣ шудан танҳо донишу кӯшишатон хоҳад буд.
Дар рафти баромад директори марказ вобаста ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум), шакли дурус интихоб намудани ихтисосҳо ва дигар имкониятҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024 ба саҳми ҳамагон расониданд.
Дар охири воҳхӯрӣ Сабзалӣ Ҷафъарзода ба саволҳое, ки аз тарафи хонандагону омӯзгорон ва волидайн пешниҳод карда шуд ҷавобҳои мушаххас доданд.