

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмониён Фаридун, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур ва дигар аъзоён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал мудири шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳия ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маълумот дода, сипас дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ
ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.