Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин имсол дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, моҳи покиву соховатмандӣ, парҳезкориву эҳсонкорӣ баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои тоҷикони ҷаҳон ба масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаб ва дар баробари ин муҳимму саривақтӣ, аз қабили терроризму эсктремизм, иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба таълиму тарбия, ҳифзи арзишҳо ва музафариятҳои миллӣ ва фазои мафкуравии ҷомеа, пайравӣ аз оинҳо ва русуми аҷдодӣ, дар доираи аркони муқаддаси дини мубини ислом фаъолият кардан ва дигар мавзуъҳои ҳаёти маънавию иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати амалӣ сохтани дастурҳо ба сохторҳои марбута ва намояндагони ҷомеаву ходимони дин с мушаххас додаанд.
Пешвои миллат моҳи шарифи Рамазонро яке аз суннатҳои дини таҳамулпазири ислом маънидод намуда, ҳамагонро ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, бо сабру таҳаммул будан дар иҷрои амалҳои нек, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор мераванд, даъват намудаанд. Дар ин радиф Роҳбарияти олии мамлакат аз иқдомҳо ва саховати соҳибкорону саховатмандон ва тоҷирону шахсони алоҳида, ки дар даврони Истиқлоли кишвар барои рушди тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи иҷтимоӣ кӯмаку дастгирӣ намудаанд ва дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми беназири худро гузоштаанд ва дар баробари ин ҳамеша ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кардаанд, хотиррасон намудаанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ ва аз навтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби кишварҳои қудратманд боиси нигаронӣ ва аз байн рафтани кишварҳои хурд ва ру ба тараққӣ гардида, бошиддат мусаллаҳ гардондани мардум бо яроқ ва истеҳсолу истифодаи ядрои атомӣ сол то сол афзоиш ёфта, барои аз байн бурдани давлату миллатҳо ва арзишҳои инсониву маънавӣ равона гардидаанд. Пешвои миллат дар баромади худ вобаста ба масъалаи мазкур махсус таъкид намуда, фаъолону намояндагони дин ва ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ бори дагар даъват намудаанд. Терорризм ва экстремизми диниро яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтии мардум ва гаравидани ҷавонони ноогоҳву аз таҳсили илмҳои муосир дурмонда ҳисобида, иброз доштаанд, ки: “…аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд.” Ҳамзамон масъалаи хурофотпарастӣ ва нигоҳи кур куронаи бархе аз шаҳрвандон ба арзишҳои инсониву динӣ боиси ба зиёдаравӣ ва хурофоту ифротӣ даст занан мегардад.
Хушбахтона имрӯз сиёсати дурусти давлату Ҳукумати малакат бо мақсади аз худ намудани аркони дини мубини ислом ва шохаҳои мухталифи мазҳабӣ тамоми шароитро барои таълимгирандагон муайё намуда, дар кишвар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаст, фаъолият менамояд. Дар баробари ин барои довталабон ҷиҳати аз худ кардани донишҳои динӣ имконияти васе барои таҳсил дар муасиссаҳои олии хориҷи кишвар дар асоси қонунҳои амалкунанда, фароҳам гаридааст. Вале баъзе ашхос талаботи қонунҳои кишваррро нодида гирифта, дар кишварҳои хориҷ таълимоти ғайрирасмии динӣ мегиранд. Вобаста ба ин масъала ва дар ин радиф ҷиҳати пешгирӣ ва баргардондани шахсони таълимоти ғайрирасмигирифта бо кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз соли 2010 инҷониб қариб 4000 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд. Пешвои миллат дар ин бора чунин андешаронӣ кардаанд: “Имом Ғазолӣ дар китоби “Эҳёи улуми дин” мегӯяд, ки талаби илмҳои ниёзи ҷомеа, ба монанди тиббу ҳисоб ва ғайра фарзи кифоя мебошад”.
Ҳамзамон масъалаи хурофотпарастӣ ва нигоҳи кур куронаи бархе аз шаҳрвандон ба арзишҳои инсониву динӣ, боиси ба зиёдаравӣ ва хурофоту ифротӣ гаравидан мегардад. Дар ин марҳила аз ҳад зиёд ба ҷо овардани маросими ҳаҷ ва баъди он баргузор намудани маъракаҳои гуногун ба он оварда расонидааст, ки мутаасифона он хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намудааст. Тибқи маълумот дар замони соҳибистиқлолӣ маблағи барои сафари ҳаҷ сарфагардида аз ҷониби шаҳрвандон қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Президенти мамлакат дар мулоқот чунин гуфтанд: “Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки: “Мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем”.
Бояд тазаккур дод, ки баъзе аз ҳоҷиён баъди иҷрои маросими ҳаҷ ба зиёдаравӣ ва баргузор намудани ҳоҷизиёрат ва дигар маросимҳои ба дину шариати ислом номувофиқ ташкил намуда, дар натиҷа аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегарданд. Ҳол он ки дар Қуръони маҷид омадааст: “Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд”. Дар баромадашон Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки: “Баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сару либос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст, тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад”, ё “Мавлонои Балхӣ гӯё ҳамин навъ одати зиёдаравии моро хеле барвақт эҳсос карда, гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷӯед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст, Ӯ Худованди ҳама ҷост, Ӯ дар қалбу дили мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон Ӯро шиносед”.
Президенти мамлакат аз таҳамулпазирии мазҳаби ҳанафӣ ва асолати дини покизаи ислом ба уламои дин хотиррасон намуда, қайд намудаанд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё эътиқодманди он ҳастаанд, барои рушду такомули дини ислом кӯшиши зиёд намудааст. Дар ин бора ишора мекунанд: “…сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад”.
Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат оид ба бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ андешаронӣ намуда, ин омилро яке аз хатарҳои ҷидди ба ойинҳои мардумӣ маънидод карданд. Бояд гуфт, ки масъалаи бегонапарастиву ба бар кардани либоси бегона солҳои охир зиёд ба мушоҳида расида, ин раванд сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва кишвари демокративу дунявӣ будани Тоҷикистон, мавқеи зан – модар дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар баланд бардошта шуда, дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва дигар консепссияву стратегияҳо ва барномаҳои давлативу соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, баробарҳуқуқии занону мардон дар он дарҷ шудааст. Инчунин бонувони тоҷик дар муаррифии расму ойини миллӣ ва либоси миллӣ ҳамеша пешсаф будаанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки таблиғи либоси миллӣ дар байни ҷомеа бештар карда шавад, дар сурати баръакс бегонашавии фарҳангӣ ба миён омада, он ба истиқлоли фикрӣ ва ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Пешвои миллат дар ин бора чунин гуфт: “…гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард”.
Дар мулоқот Президенти мамлакат бори дигар аз сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 1990 – ум рух дода буд, ёдовар шуда, сабаби асосии онро дар мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ маънидод намудаанд. Маҳз истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум, бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат боиси сар задани нооромиҳо дар кишвар гардид. Сарвари давлат бо такя ба маълумоти дақиқ чунин ибрози андеша кардаанд: “Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд”.
Зикр бояд кард, ки барои ба танзим даровардани расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти баланди падару модар дар тарбияи фарзанд, аз ҷониби Сарвари мамлакат дастгирӣ ёфтани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як такони ҷиддие дар рушди давлатдории миллӣ бахшид. Феълан таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти қабули ин Қонунҳои миллӣ дигар кишварҳо ҳамчун намуна ба таври васе истифода мебаранд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи қонунҳои мазкур, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа бори дигар ба сохторҳои дахлдор ва аҳолии кишвар дастур дода, қайд намуданд, ки: “Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд”. Бояд тазаккур дод, ки бо қабули ин қонунҳо вазъи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардида, ҷиҳати ҳамаҷониба ба танзим даровардани расму ойинҳои мардумӣ ва таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар ҷиддитар гардид. Вале дар ин самт то ҳол камбудиҳои зиёде низ ҷой доранд, ки мақомоти марбута, ходимони дину намояндагони фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки барои рафъи он чораҳои фавриро амалӣ намоянд. Пешвои миллат бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас оид ба нақзи қонунҳо аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон махсус қайд намуда, таъкид доштанд, ки барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим” дар 9 соли охир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 5620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷиҳати риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз соли 2016 то имрӯз 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 нафар омӯзгорон ва 18 ҳазору 310 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Пешвои миллат вобаста ба ин масъала пешниҳод намудаанд, ки: “Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад”.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” андешаронӣ намуда, қабули ин санади меъёрии ҳуқуқиро ба боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғу ташвиқ намудани арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саривақти номид. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба хиради азалии мардуми тоҷик ва таҳамулпазиру худшинос ва худогоҳ будани онҳо боэътимодии худро иброз доштаанд. Дар ин бора чунин фармудаанд: “Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад”. Бо дастур ба мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан, ходимони дин зарурияти боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишварро тақозо доштаанд.
Истиқлоли давлатӣ барои кули миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари воҳид дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардида, музафариятҳои он ҳамаҷониба ҳифз мегардаанд. Маҳз соҳибтамаддун ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва ташаббусҳои созандаву сиёсати инсонпарваронаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон буд, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон аз анв эҳё ва Наврӯзи аҷам, Наврӯзи байналмиллаӣ эълон шуд. “Мардуми мо, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”, — иброз намуданд Сарвари давлат.
Мулоқоти судманду манфиатбахши Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин давоми мантиқии ҳифзи марзу буми кишвар ва содиқонаву софдилона заҳмат кашиданро аз ҳамагон тақозо кард. Лозим ба таъкид аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик қодир аст, ки дар партави сиёсати сулҳҷуёна ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоиста, суботи кишвар, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии ҳалқи мамлакат, амалӣ намудани ташаббусҳои созанда, тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худогоҳии миллӣ боз ҳам бештар саҳм гузошта, обрую эътибори миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон болотар бардоранд.
Назира АМИРБЕКЗОДА