АХБОР

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХУРИҲО

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХУРИҲО
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳия вохӯрии раиси ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лангардара баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон, сардори ШВКДҶТ дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол ва дигар мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин оид ба муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда таъкид доштанд, ки дошт, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ даст ёфта, ҳамчун кишвари ташаббускори масоили глобалӣ пазируфта шудааст. Панҷ пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об ва ҳифзи пиряхҳо дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ба хушнудӣ пазируфта шуданд, ки ин боиси хушнудии ҳар як тоҷику тиҷикистонист иброз дошт раиси ноҳия.
Мавсуф доир ба он ҳама самтҳое, ки дар паёми имсола садо доданд, изҳори андеша намуда, моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, зиёд намудани заминҳои кишт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷашнҳои дар пеш истода аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ,,Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила » , «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ‘Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии савдои одамон, пешгирии худкӯшӣ, беҳтар намудани сифати донишу интизоми наврасон, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ бо таври зарурӣ дар якҷоягӣ фаъолият намоем.
Дар идомаи вохӯрӣ сардоои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба донишомӯзӣ, соҳибкасб намудани онҳо ва дар ниҳоди онҳо талқин намудани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, амалҳои экстремистию террористӣ, фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша