АХБОР

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ОИД БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ОИД БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Санаи 11 марти соли 2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, КАТС- и ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо хонандагон ва волидайни онҳо мулоқоти судманд доир гардид.
Дар суханрониҳои худ масъулин доир ба вазъи ҷаҳони муосир изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки баъзе гурӯҳҳои манфиатҷу бештар ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳу равияҳои иртиҷоӣ мебаранд ва ҳамаи мо фаъолон, падару модаронро зарур аст, ки нисбати тақдири насли наврасу ҷавон бетараф набошем, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, баҳри адои хизмати Ватан-модар ва эҳтирому арҷгузории манфиатҳои миллӣ хосатан ба қадру манзалат ва эҳтироми падару модар расидан тарбия намоем.
Дар идомаи суҳбат оид ба нуқтаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 доир гардида буд, дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин шарҳ дода шуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои наҷибу ғамхориҳои зиëде баҳри риояи Конунхои амалкунанда дар кишвар, пешниҳоди озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бунëди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ, ки ҷавобан ҳар як қишри ҷавону калонсоли бедордилро мебояд баҳри пешрафт гулгулшукофоӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хизмати содиқона нишон дода, нагузорад ҳеҷ чашми бади душман ба ин сарзамини аҷдодиямон афканад.