АХБОР

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАРАФ НАБОШЕМ

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАРАФ НАБОШЕМ
Рӯзи 12 марти соли 2024 дар деҳаи Ёли Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардида буд, вохӯрии судбахш баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандустӣ ба камол расонидани онҳо, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими мнъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистию террористӣ суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯза мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд омадани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Ҳамчунин дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
Гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад.
Ҷавононро мебояд ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ ҳозир шуда, ба аҳди анъанавии ҷавонмардонаи хеш содиқ монанд ва аз худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат гузоранд.
Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеа, омӯзгорон ва хусусан падару модаронро мебояд дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас бетафовут набошанд.