Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 420 миллиону 606 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 25 миллиону 98 ҳазор сомонӣ ё ин ки 6,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷумла ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ ба 252 миллону 825 ҳазору 400 сомонироташкилдод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 6,5 фоиз зиёд аст.
Дар соҳаи чорводорӣбошад ба маблағи 167 миллиону 780 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 6,1 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра дар ноҳия ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ маҳсулоти моҳипарварӣ истеҳсол карда шудааст.
Давоми соли сипаригардида дар соҳаи растанипарварӣ дар майдони 14225 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 963 гектар зиёд мебошад.
Аз ҷумла тули ин муддат дар ноҳия дар майдони 11937 гектар ғалладонагиҳо, 385 гектар зағир, 252 гектар картошка, 100 гектар сабзавот ва 103 гектар полезиҳо кишт карда шудааст, ки ба истиснои кишти картошка кишти дигар намуди маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ноҳия тули ин муддат ба миқдори 32011 тонна ғалладонагиҳо, 4405 тонна картошка, 2534 тонна сабзавот, 2477 тонна полезиҳо, 15893 тонна меваҷот ва 2880 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба истиснои картошка афзоиши истеҳсоли дигар маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз 1,8 то 15,2 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти чорводории истеҳсоли худӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия айни ҳол 30946 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 17059 сар модагов, 79782 сар моли майда, 44664 сар паранда, 2858 сар асп ва 3615 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 0,2 то 4,5 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади аз зимистон солиму бардам баровардани чорвои ҷамъиятию шахсӣ кишоварзони ноҳия тули ин муддат ба миқдори 46216 тонна хошоки дурӯшт аз ҷумла 11682 тонна беда ва 33534 тонна пахол ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 116,5 фоизи иҷрои дурнамои пешбинишуда баробар мебошад.
Ҳамчунин, дар соҳаи чорвопарварии ноҳия давоми соли сипаригардида 4648 тонна гӯшт, 8265 тонна шир ва 2 миллиону 323 ҳазор дона тухм, 132,6 тонна пашм, 0,5 тонна пила, 69,2 тонна асал ва 2 тонна гушти моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2,4 то 66,7 фоизро дарбар мегирад.
Тули ин муддат аз ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 1000 тонна маҳсулот аз ҷумла 300 тонна хушкмева содирот карда шуд, ки ба 100 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад.
Вобаста ба масъалаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣқайд менамоем, ки давоми соли 2022 дар ноҳия 8000 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, 7000 ҳамешасабз ва ороишӣ, зиёда аз 3000 бех гули лола, 20000 бех гули садбарг, 200 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 39 гектар боғи нав аз ҷумла 25 гектар боғи себ, 4 гектар боғи нок, 3 гектар анорбоғ, 3 гектар боғи бодом, 2 гектар зардолубоғ, 1 гектар гелосбоғ ва 1 гектар боғи чормағз бунёд карда шуд, ки ба 100 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Давоми соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ба 100 миллиону 520 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд.
Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 28 миллиону 123 ҳазор сомонӣ ё ин ки 37,5 фоиз зиёд мебошад.
Тули ин муддат дар ноҳия як корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори 100000 дона хишт дар як шабонарӯз дар Ҷамоати деҳоти Чагам, як коргоҳи истеҳсоли маҳсолеҳои сохтмонии пластикӣ дар маркази ноҳия ва як Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Содиқзода Анвархон” дар самти истихроҷи тилло ба қайд гирифта шуданд, ки дар онҳо 80 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Дар ноҳия дар умум айни ҳол 13 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ду корхона Корхонаи фаръии давлатии “Кони ангишти Шӯрообод” бинобар сабаби манъ кардани фаъолият аз тарафи гуруҳи кории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шоҳин – С” (истихроҷи тилло) бинобар сабаби гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ фаъолият накардаанд. Маҳсулоти саноатии истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии ноҳия ба 92 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшуда баробар мебошад.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ноҳия тули ин муддат 27 намуди маҳсулоти сакоатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 намуд зиёд мебошад.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб мегардад. Дар давраи ҳисоботӣҷиҳати татбиқи амалии ин ҳадаф дар ноҳия корҳои муайян анҷом дода шуд.
Дар соли 2022 ба истеъмолкунандагон ба миқдори 21,8 миллионкВт/соат нерӯи барқи фоиданок дода шуд, ки маблағи 6,1 миллион сомониро ташкил дод.
Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ6,25 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба 102,2 фоиз баробар мебошад. Аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 3,3 миллион сомонӣ маблағҷамъоварӣ шуд, ки ба 98,5% баробар аст.
Масъалаи ба хати барқ пайваст намудани деҳаҳои бебарқ дар мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта давоми солҳои 2014-2022 аз 35 деҳаи бебарқ 18 деҳа ба хати барқ пайвасткарда шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Шабакаҳои тақсимонти барқ» шуруъ аз соли 2023 17 деҳаи бебарқ ва 9 деҳаю маҳалаҳое, ки хатҳои барқашон ба талаботи техникӣҷавобгу нестанд давоми чор соли наздик пурра ба хати барқ пайваст карда мешаванд.
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Давоми соли 2022 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 52 миллиону 545 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 58 миллиону 521 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад ба маблағи 51,9 миллионр сомонӣ (47,1%) ба итмом расонида шудааст.
Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ин давра дар маркази ноҳия дар масоҳати 5700 метри квадратӣ сохтмони Боғи Нишони давлатӣ сохта санаи 23 октябри соли равон бо иштироки Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо биноҳои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, кумитаи идораи замини ноҳия ва маркази назорати давлатии бехатарии озӯқавории ноҳия ҳангоми сафари корӣ ба истифода дода шуданд.
Дар баробари ин васеъкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба охир расонида шуд.
НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ
Дар натиҷаи истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ба кормандони соҳаи нақлиёту роҳнигоҳдорӣ муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия таъмин карда шавад.
Дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт 338,2 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 1033 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 111,3 ва 119,9 фоизро ташкил дод.
Тули ин муддат дар ноҳия аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ 12 км роҳҳои маҳаллию дохилӣ дар мавзеҳои ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум, ва Саричашма азнавсозӣ гардида, зиёда аз 57 км роҳҳо дар ҳудуди маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Лагардара аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рафтуои нақлиёт осон гардид.
Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии роҳи аҳамияти ҷумҳу-риявидоштаи Тугарак-Саричашма ва Саричашма-Чагам-Шӯрообод ба масофаи 48 км оғоз гардидааст.
Аҳолии ноҳия пурра имконияти истифодаи алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет»-ро доро буда, дар ҳудуди ноҳия 29 мавҷпаҳнкунаки мобилӣ мавҷуд аст.