ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

Ҷамоати деҳоти Теҳрай

Ҷамоати деҳоти Теҳрай

Ҷамоати деҳоти Шӯрообод яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҳсуб ёфта, аҳолии он ба ҳолати имрӯза 12571 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 6257 нафар мард ва 6314 нафар зан мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат 1 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 40 нафар ва 9 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2339 хонанда фаъолият дорад. Муассисаҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш 11 адад, тандурустӣ 10 адад, фарҳанг 11 адад ва иттиҳодияҳои динӣ 10 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоат шумораи мағозаву ошхона ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ 60 ададро ташкил намуда, 4 нуқтаи фурӯши дору фаъолият дорад. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ 9 адад, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 534 адад ва ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон дар ҷамоати мазкур 17 ададро ташкил медиҳад. Дар ҷамоати деҳоти Шӯрообод 3 нуқтаи клиникаҳои бойторӣ, 2 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва 4 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз қабили «Ҳазор испанд», сангу шағал ва коркарди дару тирезаҳои пластикӣ фаъолият доранд. Шумораи чорвои калони шахдор 5182 сар ва моли майда 6892 сарро ташкил дода, майдони умумии заминҳои кормаи лалмӣ 2528 гектарро дар бар мегирад, ки аз он 764 гектар боғ аз қабили боғи себ 687 гектар, зардолу 32 гектар, нок 35 гектар ва гелос 10 гектарро ташкил медиҳад.