Рушди илму техника, ки аз охири асри ХХ шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад, низоми ҷаҳонро ба маротиб дигар намуда, равандҳои гуногунро дар ҷаҳони муосир ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама, раванди таърихӣ буда, дар давоми чандин даҳсола таъсири худро гузошта истодааст. Дар натиҷаи он сифатҳои умумӣ пайдо карда, зиндагӣ аз рӯйи усулҳои ягона, майл намудан ба арзишҳои умумӣ, ба ҳам наздик шудани расму оин ва рафтори одамон ҷараён мегирад.
Ҷаҳонишавӣ бештар хусусияти фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Ҷаҳонишавӣ ин як навъ гузариш аз ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеаи нав (модерн) буда, дорои хусусиятҳои диалектикиест, ки таъсирашро ба тамоми ҷаҳон мерасонад ва боиси зуҳури фарҳанги ягона, матбуот, арзишҳои сиёсӣ, иқтисод ва ғ. мегардад. Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ ба ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти ин фарҳангҳо, донистани осору фарҳангу тамаддуни ин халқҳо бисёр муҳим аст ва ба мо зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтавою арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ба андозае оммавӣ шаванд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо аз онҳо ҳам истифода кунанд, ҳам таблиғ намоянд, ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ онро ба ҷаҳониён пешкаш кунанд ва аз ҳама муҳим, онро ҳимоя намоянд
Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ имконияти бузурги пешрафт дошта, айни замон ба ҳаёти инсоният хатари ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 20 апрели соли 2006, гуфта буданд: “…Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеъонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд”.
Чун ҷомеаи мо дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, аз ин рӯ пайравии ҷавонон ба ҳар гуна мафкураҳои носолим барои амну суботи мамлакат нигароникунанда арзёбӣ мегардад.
Яке аз мушкилиҳои ҷомеаи имрӯза ин рӯ овардани духтарон, занону бонувони тоҷик ба фарҳанги бегона аст, ки айни замон хеле ташвишовар аст.
Ба бар намудани либоси миллии худ, барои ҳар фарди ватанпарасту ватандӯст ифтихори бузург буда, ҷо намудани меҳри ватанпарастиро дар замири насли наврас мо бояд аввал аз эҳтироми либоси миллӣ оғоз кунем. Либоси миллии тоҷикона як ҷузъи фарҳанги миллати куҳанбунёди мо ба шумор рафта, ёдгоре аз таърихи бойи гузаштагонамон мебошад, ки дар тӯли асрҳо зебогияшро гум накардааст. Боиси сарфарозист, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи занону модарони тоҷик ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд шуда ва ба ин васила шароити корӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида, занону духтарони зиёд ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Модоме ки мо либоси миллии худро дорем, ин нишон аз фарҳанги бою пурғановати мо дарак медиҳад. Пас моро зарур аст, ки фарҳанги миллии тоҷиконаро риоя кунем. Чи дар кор, чи дар хона ва чи дар бозор бояд тоҷикона ва муввофиқ ба талаботҳои ҷамъиятӣ либос пӯшем. Аз азал мардуми тоҷик асрҳо боз забон, фарҳанг ва анъанаҳои худро дорад ва бо вуҷуди ин қадар таъсиротҳои сиёсӣ онҳоро ҳифз намудем, бояд чун забон, урфу одат либоси миллии худро зебову беолоиш ба фарзандону насли оянда мерос гузорем.
Таъсири ҷаҳонишавӣ ва хатари бузурги он ба ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ва дар замири онҳо ҷой додани кинаю адоват, душманӣ ва бадбинӣ аз тарафи гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар ҷойи аввал меистад.
Яке аз казияҳои мураккаб ва мубрами рӯз дар солҳои охир экстремизм ба ҳисоб рафта, он ба экстремизми сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Ин ҷараён дар шаклҳои гуногун арзи вуҷуд дошта, вобаста ба раванди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа таъсиррасон буд.
Экстремизм аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбад.
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмонинишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор доданд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегарданд. Ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз буда, аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилоъ надоранд ва бо фиребу найрангҳои онҳо дода мешаванд. Ҳол он ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, пеш аз ҳама, бар зидди идеологияи миллӣ, Ватани аҷдодӣ, Истиқлоли давлатӣ ва мардуми мо равона шудааст.
Дар гирифтани роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мушкилӣ дар он аст, ки онро танҳо бо роҳи фаҳмонидан ва бо таъсири оила, мактаб ва ҷомеа метавон амалӣ сохт.
Дар марҳилаи ҳозираи сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон бояд шуури мардумро ба худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ равона созем. Шуури ҷамъиятӣ қодир аст, ки пеши роҳи ҳар гуна мафкураю ақидаҳои заруриро гирад ва ҷомеаро ба сӯйи худшиносии миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ҳидоят намяд.
Бояд гуфт, ки ҷаҳонбинӣ бузургтарин қувваи маънавии ҷамъият, аслиҳаи тавонои идеявии замони муосир, наҷибтарин, самараноктарин, фаъолтарин назарияи илмӣ аст. Кори мақсаднок ва системаноки ташаккули ҷаҳонбинии мардум шарти ҳатмии сохтори ҷомеаи демократӣ дар кишвар мебошад. Ҳукумати мамлакат ҳаминро ба асос мегирад, ки ҷаҳонбинӣ ифодакунандаи манфиатҳои халқ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҷамъият нақши муҳимми дигаргунсозанда мебозад. Нафаре, ки ҷаҳонбинии васеъ дорад, ақидаҳояш пешқадам, маданияти сиёсиаш баланд, фикру мулоҳизаҳояш дуруст ва мавқеаш муайян мебошад. Ин гуна шахсро ба ҳар гуна гурӯҳи иртиҷоӣ кашондан мушкил ва номумкин аст.
Ҳар нафар бояд огоҳии комил дошта бошад, ки таҳоҷуми мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, куркурона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ манфиати дигаре намеоварад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва ваҳдатофарини худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ ва решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ роҳандозӣ карда истодааст.
Зулфия АҲМАДЗОДА