Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Паёми табрикии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохони Ҳабибулло бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

  Муҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамватанони азиз!

 Мо дар лаҳзаҳое қарор дорем, ки мардуми саодатманди тоҷик дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, инчунин ифтихор аз арзишҳои милливу давлатӣ 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро таҷлил намуда истодаанд.

   Вобаста ба ин ҳамаи шумо афсарону сарбозон ва дар симои шумо тамоми мардуми ноҳияро ба ин санаи таърихӣ сидқан муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободиро орзумандам.

   Имрӯз Артиши миллии кишвари азизамон ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфта, марзу бум ва пойдориву якпорчагии Меҳани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад.

   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди замони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун як сохтори дифоӣ шинохта шудааст. Афсарону аскарони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат тавонистанд, ки якпорчагии кишвари азиз ва озодию осудаҳолии мардуми Тоҷикистонро таъмин намояд. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали армия Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрати сиёсии кишвар омаданашон ба ин масъала диққати асосӣ доданд. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши миллӣ ба он муваффақ гардид, ки ҳукумати кониститутсиониро комилан ҳимоят ва давлати навбунёди моро дифо намоянд. Дар ин муддат сохтори низомӣ ва қисмҳои он аз нав таъсис ёфта, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам пуриқтидортар гардида, аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи феълии он чораҳои иловагӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Аз ҷумла ҷиҳати таъмини ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат бо кадрҳои низомӣ мактаби олии ҳарбӣ таъсис ёфт ва дар хориҷи кишвар низ ба тарбияи мутахассисони соҳаи ҳарбӣ диққати махсус дода шуда, бо дастрасӣ аз техникаю лавозимоти ҷангӣ Артиши миллӣ ба як нерӯи бузурги дифоии кишварамон табдил ёфт. Бахусус, тамринҳои пайваставу омӯзишҳои амалии миёни ҷузъу томҳои сохтори ҳарбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон дорои Қувваҳои Мусаллаҳи аз ҳар ҷиҳат обутоб ёфтаву тавоно ва машқдидаву нерӯманди худ гардид.

   Дар ҷаҳони пуртазод ва гирифтори нобасомониҳо ҷавонони моро ба он водор месозад, ки дар доштани асолату худшиносии миллӣ, бешак ҷонфидо будан дар роҳи истиқлолу арзишҳои умумиллӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

   Дар робита ба ин бо такя ба дастоварду пешравиҳои соҳаҳои мухталиф моро зарур аст, ки баҳри фардои дурахшони миллату ватани азизамон ҷавононро ҷиддан тарбия намоем, то ки онҳо ҳақиқатан ватандӯсту ватанпарвар бошанд. Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватии ноҳия бо пуррагӣ иҷро мегардад.

   Вусъат бахшидан ба корҳои оммавии ҳарбию варзишӣ ва солимгардонии ҷавонони синни даъватӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар ба ҳисоб меравад.

   Бинобар ин моро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста миёни наврасону ҷавонон доир ба масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллӣ ва дар замири онҳо бедор намудани асолати ватандорӣ идома диҳем. Чуноне ки Сарвари давлат қайд намуданд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад». Оре, ҳар давлату миллат бо Артиши обутобёфтаву тавонои худ побарҷост.

   Боиси зикр аст, ки ҳимояи хати сарҳади Ватан ва ҳифзи марзу буми он на танҳо ба дӯши қувваҳои сарҳадӣ, балки ба дӯши ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вогузор гардидааст.

   Аз ин лиҳоз, ки мо сокинони ноҳияи наздисарҳадием, бояд масъулияти бештарро дар ҳимояи марзи давлатӣ ба ӯҳда дошта бошем.

   Тавре шумо огаҳӣ доред ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масофаи беш аз 145км ҳамсарҳад мебошад ва пайваста мушкилоти муайяд дар ҳимояи хати марз мавҷуд аст. Аз ин хотир дар баробари қувваҳои сарҳадӣ ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки бо сарбозон ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар дар робитаи зичу ҳамкории доимӣ бошанд. Дар ин раванд натанҳо ҳимояи сарҳад, балки мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир низ яке аз масъалаҳои муҳими бехатарии давлату миллат мебошад.

   Талошҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат, нақшаҳои зиёди корҳои ободонию созандагӣ баҳри рушду тараққиёти пурраи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона карда шудааст, ки амалӣ гардидани ин нақшаҳо аз дастгирии доимии мову шумо вобастагии калон дорад.

   Ифтихори ватандорию ватанпарастӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки сиёсати хирадмандона ва созандаи Роҳбарияти сиёсии ҳукуматамонро амалан дастгирӣ намуда, баҳри ободии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд». Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст пеш аз ҳама пойдории таҳкими Истиқлолият ва рукнҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

   Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишварамон ҳиссаи сазовори худро гузорад.

   Дар ин лаҳзаҳои гуворо бори дигар шуморо родмардони шуҷои Ватан ва кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, фазои софу беғубор ва зиндагии хушу осударо тамонно менамоям. Бигузор, ҳамеша саломату бардам, боиродаю матин, бонангу номус ва саломату сарбаланд бошед, ҷавонони азизу хизматчиёни Меҳан.

           Идатон муборак, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!      

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин