Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Табрикоти раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохони Ҳабибулло бахшида ба Соли нави мелодии 2019

 

 Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

  Инак, боз лаҳзае фаро расид, ки мо ба соли куҳан хайрухуш намуда, соли навинро бо қалбҳои пур аз шодиву умед истиқбол намоем.

 Ба ин муносибат мардуми ноҳияро бо фаро расидани Соли нави мелодии 2019 самимона табрик намуда, ба ҳар хонадон ободӣ, файзу баракат ва тинҷию амониро орзумандам.

 Соле, ки акнун оғоз мегардад, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияамон соли рӯйдодҳои муҳим хоҳад буд.Дар ин сол, яъне соли 2019 мардуми саодатманди ноҳия чун дигар афроди бо нангу номуси кишвар баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 22- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида, баҳри ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебои Ватан аз ҳарвақта дида бештару хубтар ҷаҳду талош менамоянд.

 Ҳодисаву воқеаҳои ҷаҳони имрӯз ба мо ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар зираку ҳушёр бошем.Ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои бегонагону манфиатҷӯён роҳ надиҳем.Тақдири ояндаи худро худамон муайян ва интихоб намоем.Ба касею гуруҳе имкон надиҳем, ки ба тақдири ояндаи ин миллату ин сарзамин дасти нопоки худро дароз созад.

  Мо қудрат дорем, ки бо арҷгузории ормонҳои миллӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ ояндаи миллату Ватани худро муайян созем ва бо дилу нияти саршор аз меҳру муҳаббати ватандорию миллатпарастӣ сарзамини худро ободу хуррам гардонем ва назди имрӯзу ояндагон қарзи ватандории худро адо намоем.

 Кӯшиш намоем, ки Ватани азизи худро ҳамеша озоду обод, сарсабзу хуррам ва зиндагии шоиставу арзандаро барои имрӯзу ояндаи ҳаммиллатону пайвандони худ муҳайё намоем. Узвияти ҷумҳурии азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Созмонҳои байналмилалӣ низ аз ин рӯйдодҳост, ки он дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим ва мусоидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мебошад.

 Соли 2018 дар ноҳияи мо низ нақши неки худро гузошт.

 Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳоли болоравӣ буда, афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёд гардид.

 Раванди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда хеле назаррас буд.Дар ин сол бунёди корхонаҳои саноатӣ ба 11 адад расонида шуда, 42 адад биною иншоотҳои муҳими ноҳиявӣ, аз қабили 6 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ, 1 муассисаи тиббӣ, 12 иншооти муҳандисӣ, 8 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматии хизматӣ, 1 адад бинои давлатӣ- ҷамъиятӣ идома ёфта, ҳамзамон сохтмони 12 иншоот, аз қабили корхонаи дӯзандагӣ ва меваю сабзавот, кандани ду чоҳи обкашӣ дар маҳаллаҳои Кӯҳдоман ва Ҷавонон, сохтмони бинои ошхона, навбати дуюми сохтмони муассисаи таълимӣ барои 144 ҷойи нишаст, як муассисаи таълимӣ барои 80 ҷойи нишаст, сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва қасри фарҳанги ноҳия,кашидани хати барқи 10/04 кв бо зеристгоҳи барқии 400/10 кВа дар ҷамоати деҳоти Шӯрообод, сохтмони  як муассисаи таълимӣ барои 220 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва як дорухона дар ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов ба маблағи умумии 38 миллиону 52 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуд.

 Дар давоми сол дар хоҷагии халқи ноҳияамон дигаргуниҳои зиёди мусбӣ ба амал омада, дар натиҷаи меҳнати софдилона ва пурбаракати аҳли заҳмат ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ба дастовардҳои ҷолиб ноил гардиданд.

 Мардуми шарифу бофарҳанги мо баҳри рушду нумӯи ноҳия, беҳ намудани рӯзгор, амалӣ гардидани мақсад ва ҳадафҳои наҷиби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона ҷаҳду талош намуда, ба корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ вусъти тоза бахшида истодаанд.

 Имрӯз воқеияту тақозои зиндагӣ ин аст, ки барои ободии Ватан ва саодату пешрафти миллати хеш ҳар яки мо ватандӯстию ватанпарастии худро бо заҳмат ва талошҳои созандаю бунёдкорона амалан ифода намоем.

 Ҳамин тариқ соли 2018 дар маҷмуъ барои мардуми ноҳия соли созандаю бунёдкорӣ ва пешравиҳои назаррас буд.

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия итминони комил дорад, ки бо дастгирии шумо мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ дар атрофии Президенти кишвар муттаҳид гардида, соли 2019-ро бо дастовардҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ заминагузорӣ мекунем.

 Умед дорем, ки соли навин, яъне соли 2019 соли пур аз комёбию дастовардҳо ва амалӣ гардидани орзуҳои нек, соли фаровонию серҳосилӣ, осудагию хушбахтӣ, сулҳу дӯстӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистон мегардад.

 Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҳамаи шумо ҳамдиёрони азиз ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи ноҳияро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва нишоту шодмонӣ дар рӯзгоратон таманно дорам.

 Бигузор соли 2019 ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, якдигарфаҳмӣ ва комёбиҳои нав ба навро ҳадя намуда, Тоҷикистони азизи моро боз ҳам чун гул шукуфон намояд.

 Соли нав муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин