Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН МУҲТАРАМ ГУЛЗОДА ЗАФАР ШАМСУДДИН БАХШИДА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

 

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!

Бо истифода аз фурсат ҳар яки Шуморо бо фаро расидани Соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод намуда, ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъро таманно менамоям.

Соли 2022 дар хотири мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш баста, соли 2023-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ истиқбол мегирем.

Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки соли 2022 барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд. Зеро дар ин сол афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳоли болоравӣ буда, афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёд гардид.

Раванди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда хеле назаррас буд.

Дар ин сол саҳми сокинони ноҳия бахусус соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ шоҳистаи таҳсину офарин аст.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 барои мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун соли таърихӣ сабти ном гардидааст.

Зеро дар ин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба моҳҳои май ва октябр бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварда, аз шароити вазъи зиндагии мардум ошно гардида, чандин иншоотҳои муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, барои сохтмони чандин иншооти дигар санги асос гузоштанд.

Дар баробари ин зимни вохӯрӣ бо фаъолон аз талаошу заҳмати сокинони ноҳия дар амалӣ гардонидани сиёсати ободкоронаи роҳбарияти олии мамлкат изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон баҳри боз ҳам тавзеҳ бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ супоришҳои мушаххас низ доданд.

Дар робита баин, мо дар партави сиёсати ободкоронаи роҳбарияти олии мамлкат барои соли 2023 корҳои зиёди созандаеро ба нақша гирифтаем ва боварӣ дорем, ки дар сарҷамъи баҳри амалигардонии онҳо муваффақ хоҳем шуд.

Соли 2022 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб намуда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.

Боиси хушбахтии ҳар як сокини кишвар аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи онро қабул намуд. Зеро тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гарм шудани ҳаво ҳамчун мушкилоти ҷидди экологӣ ба ҳисоб рафта, яке аз проблемаҳои асосии башарият маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар ин сол аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор намудани чандин ҷашнҳои сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ нақши бесобиқа гузоштанд.

Истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи он ҷашнвораҳоест, ки мардуми ноҳия чун дигар сокинони ҷумҳурӣ дар соли 2022 бо дастоварҳои бузурги меҳнатӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ободониву бунёдкорӣ мушарраф гардиданд.

Вобаста ба ин бо истифода аз фурсат бори дигар ба ҳар як сокини ноҳия, бахусус онҳое, ки дар пешрафту тарққиёт ва корҳои ободониву бунёдкориҳо, инчунин баргузории чорабиниҳои баланди сатҳи давлатию байналмилалӣ иштироки фаъолона доштанд, миннатдории худро иброз менамоям.

Зеро дар соли 2022 бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгири соҳибкорон ва шахсони алоҳида даҳо иншооти маъмурию хизматрасонӣ ва маишию фароғатӣ ба истифода дода шуда, садҳо ҷойи нави корӣ ба сокинон муҳайё карда шуд.

Соле, ки оғоз мегардад, яъне соли 2023 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳанги ҷумҳуриямон соли рӯйдодҳои муҳим хоҳад буд. Зеро дар ин сол мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин ҷашнҳои муҳими давлатии дигарро таҷлил хоҳанд гирифт.

Чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии мамлкат дастоварду пешравиҳои кишвар ва нияту нақшаҳои давлату Ҳукумати мамлкатро, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таҳкими иқтидори давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон, яъне ба ояндаи ободу осудаи халқи тоҷик нигаронида шудааст, баён доштанд. Ва бо боварии комил гуфта метавоанам, ки мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дар амалӣ намудани ин нияту мақсадҳои роҳбарияти олии мамлакат саҳми муносиби худро мегузоранд.

Имрӯз воқеияту тақозои зиндагӣ ин аст, ки барои ободии Ватан ва саодату пешрафти миллати хеш ҳар яки мо ватандӯстию ватанпарастии худро бо заҳмат ва талошҳои созандаю бунёдкорона амалан ифода намоем.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия итминони комил дорад, ки бо дастгирии Шумо мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид гардида, соли 2023-ро бо дастовардҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ заминагузорӣ мекунем.

Умед дорем, ки соли навин, яъне соли 2023 соли пур аз комёбию дастовардҳо ва амалӣ гардидани орзуҳои нек, соли фаровонию серҳосилӣ, осудагию хушбахтӣ, сулҳу дӯстӣ ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон- Тоҷикистон мегардад.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва нишоту шодмонӣ дар рӯзгоратон таманно дорам.

Соли Нав муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин