Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

 

Дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои “терроризм” ва “террорист” вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳимми на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад

Экстремизм (аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда, рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Махсусан, дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ ва ғайраҳо.

Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набуда, Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем.

Гулизор СОҲИБОВА

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2023
Mo Tu We Th Fr Sa Su
28 29 30 31 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2023 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин