Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ОБ МОРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД...

 

Об аввалин ва асоситарин манбаи ҳаёти инсон ва яке аз зерсохторҳои асосии рушди устувор ва сарвати пурарзишест, ки ба мардум пешниҳод шудааст. Хусусан дар мамлакати мо, ки қариб 95 фоизи захираҳои обро оби тоза ташкил медиҳанд.

Захираҳои обӣ ҳамчун захираҳои барқароршаванда ҳисобида шуда, раванди барқароршавии онҳо аз табиат сахт вобастагӣ дорад. Мутаассифона, дар солҳои охир бинобар сабаби тағйирёбии иқлим дар сайёра ва минтақа проблемаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва роҳҳои барқарорсозии онҳо ба вуҷуд омадааст. Тайи солҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи экосистемаи сайёра ба вазъи кунунии захираҳои обии кишвар ва ҷаҳон, ки дар раванди гармшавии глобалӣ, боришоти бармаҳал, обхезӣ ва хушксолӣ ифода меёбад, таъсири назаррас расонида истодааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки санаи 22.03.2023 дар Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории корӣ “Об моро муттаҳид месозад” суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки: “Имрӯз масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳаммияти дучанд касб кардааст. Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад”. Матлаб аз пешниҳоди ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби диққати ҷомеаи башарӣ ба ҳалли масоили об ва аз тарафи дигар тақсимоти одилонаи об буд, ки дар натиҷа кишварҳои дунёро ба адлу инсоф даъват менамояд. Дар иртибот ба пешниҳодҳо сиёсати пайгиронаи Сарвари давлатро дар ин самт натиҷагирӣ намоем, агар аз як тараф дар бартарафсозии муаммоҳои об ифода ёбад, аз тарафи дигар муайян намудани дурнамои сиёсати обии байналмилалӣ баҳри таъмини сокинони сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

Бояд хотиррасон намоем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми наверо зери унвони “дипломатияи об”–ро ворид намуд, ки дар он тамоми ташаббусу андешаҳои минбаъда оид ба истифодаи самарноки захираҳои обӣ дар ҷаҳон гирд оварда мешавад. Тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузошта аст. Мақсад аз пешниҳоди ин ташаббусҳо бунёди минбари умумӣ ва бисёрвазифавӣ оид ба баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтарини ҳалли мушкилот ва вазифаҳо марбут ба захираҳои об мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти суханронӣ дар ин чорабинии сатҳи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки: “Дар акси ҳол, саломатии мову шумо, пойдории муҳити зист, дастрасӣ ба ғизои солим, манбаъҳои табиӣ ва дар ниҳояти кор, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор зери хатар боқӣ мемонад. Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст”. Дар айни замон, бинобар афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон ва минтақа, инчунин рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилотҳое, ки ба захираҳои табиӣ таъсир мерасонанд, арзиши об чандин маротиба меафзояд.

Бояд қайд намуд, ки муаллифи ин ҳама ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи байналмилалии об обрӯи байналмилалии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказиро боло бурдааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ ҳамзамон қайд намуданд, ки “Об дар воқеъ нерӯи созанда дорад. Ҳамкорӣ дар соҳаи об тайи даҳсолаҳои охир боиси он гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд. Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барои пешбурди масъалаҳои вобаста ба обу иқлим корҳои зиёдеро анҷом доданд”.

Тоҷикистон ба унвони ташаббускори байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳамчун кишвари Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, бори дигар мавқеи худро барои ҳалли проблемаҳои тағирёбии иқлим дар чаҳорчӯбаи платформаҳои байналмилалӣ тасдиқ намуд. Дар робита ба ин, 27 октябри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнӣ (маҷозӣ) дар мавзӯи “Иҷрои чорабиниҳо дар соҳаи иқлим” дар сатҳи баланди СММ изҳор доштанд, ки “Саҳми Тоҷикистон оид ба гармшавии глобалӣ хеле кам аст, зеро ҳиссаи кишвар дар партовҳои глобалӣ ҳамагӣ 0,0003%-ро ташкил медиҳад. Аммо дар чаҳорчӯбаи созишномаи Париж Тоҷикистон ӯҳдадории ихтиёрӣ гирифтааст, ки ҳаҷми партовҳои газҳоро аз сатҳи соли 1990 дар ҳудуди 80-90% зиёд накунад. Дар сурати дастгирии байналмилалӣ ин нишондодро метавон то 65-75% аз нишондиҳандаи базавӣ кам кард”. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кам кардани партовҳои атмосфера асосан аз ҳисоби рушди минбаъдаи манбаъҳои бойи барқароршавандаи энергия - гидроэнергетика ва энергияи офтоб ба даст оварда мешавад.

Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷиро таҳия намуда, ҳоло амалӣ карда истодааст, то роҳи ояндаи дурахшонро боз кунад ва дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавқеи худро нишон диҳад. Донистан зарур аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми муҳим ва саривақтӣ гузоштаанд.

Қобили зикр аст, ки бо тағйирёбии иқлими сайёра норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён омада, то соли 2030 аз рӯи дурнамои олимон боиси он мегардад, ки зиёда аз 40%-и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самтҳои гуногун наҷибона, оқилона ва инсондӯстона буда, онҳо барои бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа ва фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар байни давлатҳои сайёра равона карда шудаанд.

ҚОДИРОВА Г.Т.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин