Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Терроризм ва ифротгароӣ вабои аср

 

Имрӯзҳо дар бештари давлатҳои дунё миллионҳо нафар одамон гирифтори  таҳдиду амалкардҳои тундравона ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва ин вабои аср,яъне терроризм  ва ифротгароӣ ба хатари   ҷаҳоншумултабдил ёфта, оқибатҳои даҳшатбору  тулонии ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад. Бинобар ин, мо ҷавонони даврони истиқлолро зарур ҳаст, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш, иродаи қавӣ дӯст доштани Модар- Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амали кирдорҳои номатлуб дур бошем. Пас, мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми нерӯихудро барои мубориза бар ин хатар сарфа намоем.

Мутассифона, хоинони миллатдар кишварҳои хориҷӣ бо дастнишондоди хоҷагонашон  зери шиори исломгароӣ ва истифода аз минбари дини ислом ҳамеша сари ноором кардани авзои сиёсӣ дар кишвари мо мақсадҳои нопок доранд.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё  аз тарафи террористону ифротгароён ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои ғайриинсонии онҳо  одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар одамон макону манзили зисташонро тарк кардаанду доғи ин вабои асрро чашидаанд.Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон  ҷони  худро дар хатар гузошта барои миллати тоҷик сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва шукуфоии  Ватанамон талош меварзанд. 

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолиро мебояд, ки ба қадри оромию осудагии мамлакатамон расем ва нагузорем, ки нохалафе барои ноором сохтани вазъ дар кишварамон саъй кунад. Оромиву осудагии Тоҷикистони азиз аз хизмати содиқониаи ҳар як сокини мамлакат, бахусус ҷавонони ватандӯсту қавиирода вобастагии зич дорад ва дар ин роҳи басо масъулиятнок мо ҳамеша омодаем.

 

Сулаймоншо Абдураҳмонов-  н. Ш. Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин