Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ-ХАТАРЕ БАРОИ ҶАҲОН

 

Чунин як вохӯрӣ рӯзи 27 январи соли 2023 бо иштироки муфатиши прокурори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Шоҳмамадов Зоҳир, намояндаи шуъбаи амнияти ноҳия Сафаров Абдулҳамид, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Аюбзода Ҳусниддин ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун бо донишҷӯёни филиали литсейи касбии техники шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.

Зимни баромад муфатиши прокуратураи ноҳия Шоҳмамадов Зоҳир роҷеъ ба паёмадҳои нохӯши ин вабои аср маълумот дод. Қайд карда шуд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохила ва берунаи рушди иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, бо ҳаракатҳои ба худ хос аз қабили паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низоми мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани амалу ҷиноятҳои даҳшатафкан фаъолият намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин амал дар канор буда, наметавонад. Вобаста ба ин ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин амалҳои нопок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми чораҳои заруриро рӯи даст гирифта, чандин барномаву стратегияҳои муҳимро қабул намуд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ки бо Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, санадест, ки хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Дар идомаи баромад қайд карда шуд, ки то рафт доман паҳн намудани экстремизм ва терроризм моро ҳушёр медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Зеро тақдири имрӯзаи аксарият давлатҳои ҷаҳон ва минтақа бояд барои ҳар яки мо дарси ибрат бошад. Номбурда аз ошкор гардидани чандин амалҳои террористӣ дар кишвар ба амал омада ёдовар шуда, иброз намуданд, ҳар чанд Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти комили худро ба осонӣ ба даст овард, аммо бо хизматҳои хирсонаи бархе аз хоинони миллат боис бар он шуд, ки кишвари мо зери ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифта, хисороти моливу ҷонии зиёдро ба бор овард. Маҳз бо хизматҳои шоистаи фарзонафарзанди миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми ҷумҳурӣ мо тавонистем оташи ҷанги шаҳрвандиро хомуш ва умеди мардумро ба зиндагии пурсаодат муҳайё намоем.

  Сафаров Абдулҳамид намояндаи шуъбаи амнияти ноҳия аз оқибатҳои даҳшатафкани амалҳои террористӣ ва нақшаву нияти нопоки ин афрод ёдовар гардида, зикр намуданд, ки террорист миллат, сарҳад ва ҳудуд надорад ва ҳадафи онҳо танҳо ваҳшоният, куштор ва ғоратгарӣ мебошаду баст. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ин афрод бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ тарафдорони худро зиёд намуда, ба ҳар роҳу васила мехоҳанд, ба истиқлолияти ин ё он давлат зарба зананд. Аз ин хотир таъкид карда шуд, ки дар истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд ва ҳамеша аз ҳолу аҳволи фарзандони худ, ки дар Федератсияи Рассия қарор доранд бохабар бошанд.

Ҳамчунин Аюбзода Ҳусниддин –сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия низ роҷеъ ба мафҳуми терроризм ва экстремиз ва амалҳои нопоки онҳо ба иштирокдорон маълумот доданд.

Раҳмониён Фаридун-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия дар баромади хеш иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар бораи самтҳои асосиии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурӣ тамоми самтҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба риштаи таҳлил кашида, таъкид бар он доштанд, ки барои боз ҳам расидан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ҳамеша талош варзем. Дигар масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида буданд, ба диққати иштирокдорон расонида шуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин