Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЭҶОЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ-АЗ ТАБДИЛИ НОМ ТО КОРҲОИ БУЗУРГИ ОБОДОНӢ

 

Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои назаррас ноил гардида, баҳри беҳбуд бахшидани шароити арзандаи зиндагии сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин муддат дар кишвар садҳо банову иншоотҳои маъмуриву хизматрасонӣ қомат афрохта, роҳву пулҳо ва неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳар чанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат зери гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифту хавфи аз байн рафтани давлат пеш омад, аммо бо ҷонбозиҳои фарзонафарзанди миллат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилотҳо рафъ, умеди мардум ба зиндагии оянда гарм ва иқтисодиёти он бо тадриҷ рушд намуд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ чун амсоли Истиқлолияти давлатӣ дар тули Истиқлолият зери дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида,   инфросохтори он ба тадриҷ рушд намуд. Дар ин давра дар ноҳия даҳо биноҳои маъмуриву маишӣ   қомат афрохта, роҳҳову пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар ноҳия биноҳҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахши ҳифзи муҳити зист, бозори марказӣ,  муассисаҳои таълимии №№1, 20, боғи Парчами миллӣ, бинои шуъбаи дар ноњия будаи Кумитаи давлатии амнияти миллї, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, фонди нафақа, нозироти андоз, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, филиали бонки давлатии «Амонатбонк №65», корхонаи коркарди меваю сабзавот, коргоњи дузандагї, мењмонхона ва аз њама муњим ќиъаи роњи байналмилалии Кўлоб- Ќулма ќитъаи Шўрообод-Шоњон мавриди истифодаи умум қарор дода шуда, ҳамчунин азнавсозии роњи байналмилалии Кўлоб- Ќулма ќитъаи Шамсиддин Шоҳин-Кӯлоб, бинои маъмурии маркази таъминоти бехатрии озуқаворӣ, шуъбаи маориф, кумитаи идораи замин, маркази ҷавонон, майдони варзишӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст, корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия, муассисаҳои таълимии №8 ва №28 бо маром идома дошта, аксарият соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Сокинони ноҳия баҳри сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии мамлкат ҳамеша дар талош мебошанд. Зеро аз соли 2018 инҷониб тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни бузурги 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 191 адад иншоотҳои хурду бузурги маишиву хизматрасонӣ, маъмурӣ, роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат 165 адади он мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ва боиси хушнудӣ низ ҳаст, ки қисмате аз ин иншоотҳои мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шахсони алоҳида сохта шудааст, ки аз дастгирии сокинони ноҳия ҷиҳати амалишавии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Дар воқеъ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули Истиқлолият маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадриҷ рушд намуда, рушди инфросохтори деҳот, вазъи соҳаи маорифу фарҳанг ва тандурустӣ беҳтар гардонида шуданд. Зеро агар соли 1992 дар ноњияи навташкили Шамсиддин Шоњин танҳо теъдоди муассисањои таълимї 34 ададро ташкил медод, ин шумора ба 60 адад расонида шудааст, ки дар онњо наздики 11 њазор хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Тайъи солҳои Истиқлолият бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ноҳия 16 маркази саломатии деҳотӣ, 17 бунгоҳи тиббӣ, як беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи рақамӣ, 1 беморхонаи қитъавӣ ва 8 муассисаҳои дигари тандурустӣ сохта шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Шумораи муассисаҳои фарҳангӣ бошад ба 33 адад расонида шуд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз мавзеҳои сайёҳии ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шудааст. Айни њол дар њудуди ноњия њафт ширкатҳои сайёњии экологӣ ташкил карда шудааст, ки барои ќабули сайёњони дохил ва хориљ омода мебошанд.

Метавон солҳои 2017 ва 2020-ро барои мардуми ноњия   њамчун солҳои бобарору таърихї арзёбї намуд. Зеро зимни сафари кории Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ин солҳо ба ноњия дар баробари шиносої ба вазъи феълии мардум ва суҳбату вохӯрӣ ба сокинон чандин иншоотњои муњими давлатї ба истифода дода шуда, барои сохтмони чандинин ишооти дигар аз љумла ќасри фарњанг барои 500 љой, майдони варзишї барои 6000 љойи нишаст, сохтмону азнавсозии ќитъаи роњи Кўлоб-Шўрообод ба масофаи 32 км санги асос гузошта шуд, ки дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бешак имрӯз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойи дилрабоеро мемонад. Зеро як рустое, ки дар он оддитарин талаботҳои шаҳрсозию роҳсозӣ дида намешуд, маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо қомат афрохтани биноҳои маишию хизматрасонӣ ва маъмурию ҷамъиятӣ имрӯз шаҳракеро мемонад, ки басо диданӣ. Пас ба ин метавон шукрона намуд. Шукронаи Истиқлолият ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик, ки сарчашмаи ҳамаи ин хушбахтиҳост.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин макони ҳунар, санъат, фарҳанг ва илму дониш аст. Зеро ин мавзеъ шахсиятҳоеро ба воя расонидааст, ки бо кору пайкори хеш шамъи маҳфил ва чароғи анҷумани натанҳо мардуми ҷумҳурӣ балки берун аз он низ гаштаанд. Аҳли фарҳангу санъати ин диёр чун Одина Ҳошимов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчера Содиқова, Озодамо, Ҳошим Гадоев, Ҳабибуллои Абдурозиқ ва садҳо нафари дигар аз зумраи онҳоеанд, ки дар рушди фарҳанги ҷумҳурии азизамон саҳми муносиб доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо меваҳои лазизаш мешиносанд. Имрӯз себу нок, анору писта ва даҳо намуд мевагии дигари ноҳия бо тамъи хубу лазиз харидори худро ёфтаву деҳқонони ноҳия дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии мардум аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд.

Табдили ном гардонидани ноҳияро бо яке аз шоирони шинохтаи тоҷик, намояндаи адабиёти классики тоҷику форс Шамсиддин Шоҳин метавон фоли нек номид. Зеро ин амал бори дигар аз ҳифз ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанг ва пос доштани хизматҳои фарзонафарзандони халқи тоҷик аз тарафи роҳбарияти олиии мамлакат ҳамчун нишонаи иззату эҳтиром ба адабиёт ва хизматҳои намояндагони он мебошад. Зикр бояд намуд, ки хешовандони ин шоири ширинсухан зодагони минтақаи Кӯлоб, бахусус ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳастанд ва дар рушду нумуи таърих ва фарҳангу сухани халқи тоҷик саҳми беназир доранд. Шамсиддин Шоҳин воқеан ҳам шоири нотакрор аст. Ҳарчанд эшон умри дароз ва бобаракат надид, вале бо вуҷуди ноадолатиҳои замон тавонист саҳми худро дар рушди шеъру сухани тоҷик ба насли имрӯз боқӣ гузорад.

Имрӯз метавон бо боварӣ қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар остонаи ҷашни бузурги таърихию сарнавиштсози кишвар 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намудаву барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти ватани азизамон сарҷамъона кору фаъолият намуда истодаанд.

 

 

Фаридун Раҳмониён-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин