Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - МУҚАДДАСТАРИН АРЗИШИ МИЛЛӢ!

 

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як нафари кишвари азизамон Тоҷикистон аст, ки дар зери осмони соф, сулҳу суббот ва сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият воқеаи таърихӣ ва падидаи сатҳи ҷаҳонӣ ба субот расидани он ҳамаи василаҳо ва имконияти маънавию моддӣ мебошад. Истиқлолиятро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ кардаанд. Аз баракати ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расида ва имрўзҳо бо қадамҳои устувор сўйи марҳилаи тозаи инкишоф ва таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил , беҳтар намудани сатҳи зиндагии шоистаи мардум равона мебошад. Ин натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Чумҳрии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, корҳои созандагиву ободонӣ равнаку ривоҷ ёфта истодааст.

Бигзор, ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ҷавонон ба сўйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад. Имрузҳо тамоми мардуми Тоҷикистон дар омодагӣ ба ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дили гарму меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба ватани азизамон кору фаъолият доранд. Ин ҷашни бузург, ки солҳои охир ҳамчун анъанаи нек дар байни мардум маҳбубияти хоса пайдо кардааст, баргузор мегардад.

Ҷашни Истиқлол дорад, халқи олишони мо,

Ҷилва дорад, аз тароват мулки бепоёни мо.

Ш.Маҳмадализода

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин