Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ОДАМИ БАД ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДНАМЕРАСАД

 

Мазмуни ин мақоли халқӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин сухани пандомӯз нисбати шахсоне гуфта мешавад, ки амали хоинона доранд. Барои манфиати шахсӣ (нафси бад) зиндагии мардумро ноором месозанд, аз қатлу куштор даст намекашанд. Ба ибораи дигар барои онҳо “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” як аст. Таърих гувоҳ аст, ки амали чунин душманони миллат ва давлат ба хубӣ анҷом наёфтааст. Дар охири кор худ шармандаи бозори маҳшар шудаанд.

Дур нарафта роҳбарони ташкилоти террористӣ –экстремистии Ҳизби наҳзати исломро мисол меорем. Мо ҳама шоҳид ҳастем, ки аввал онҳо бо суханони пардапӯшона сокинони кишварро ба минтақаҳо ҷудо намуда, бар зидди якдигар бархезониданд. Ҳамаи ин ба он мақсад буд , ки дар мамлакат нооромиро ба вуҷуд биоранд ва сипас ба мақсади нопоки худ бирасанд Дар Тоҷикистон давлати бо ном исломӣ барпо намояд. Ҷанги шаҳрвандии барангехтаи душманони миллат, ки дар таърих номи ҷанги бародаркушро гирифтааст, сабаби куштори бештар аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ гардид. Зиёда аз як миллион ҳамватанонамон шаҳди ғарибӣ чашиданд. Барои он ки онҳо дигар ба Ватан барнагарданд, хонаю дарашонро оташ заданд.

Дубора кӯшиши табадулотӣ давлатӣ карданд. Хушбахтона, бори аз аввал каҷи Кабирӣ ва дигар наҳзатиҳои хоин, ватанфурӯш, ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ ба манзил нарасид. Зеро онҳо ба душмании халқ равон буданд.

Сайидо дуруст мефармоял:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад,

Кабирӣ ва ҳамроҳонаш аз тарси ҷазо роҳи гурезро пеш гирифтанд ва шарм накарда, имрӯз худро ҷабрдида, гурезаи сиёсӣ муаррифӣ менамоянд. Оё ин гурӯҳи хунхорро, ки дар вуҷудашон заррае шарму ҳайё надоранд, мудом дурӯғ мегӯянд, барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ дар кӯшиши ноором кардани ҷомеа ҳастанд, инсон ё одам номиданашон мумкмин аст? Ба ибораи Саъдии бузург нашояд, ки номашон ниҳем одамӣ.

Вақте ки шумо бо хислатҳои бадатон одам – инсон ҳисоб намеёбед, гарчанде ба хотири иғвоандозӣ садо баланд кунед ҳам, дар гӯши мардум асар надорад. Дар ёд доред ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардуми Тоҷикистон шуморо чун инсон не, чун хоини давлат, душмани миллат, ғуломи нафс, қотил ном мебаранд ва мешиносанд.

 

Исфандиёр Саидмаҳмудов

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин