ТОЛИБОНИ АФҒОНИСТОНӢ ХАТАР НАДОРАНД, ДУШМАНИ МИЛЛАТ НАҲЗАТИҲОЯНД
Вале дар асл, Ҳаракати Толибон, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруф қарор додаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо неруҳои дигари тундгару радикалӣ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз 1400 километр сарњад дорад, имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвари мо таҳдид намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳаракати Толибон мо ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунем. Дигар ин ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард.
Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.
Аммо оворагардони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки баъди содир кардани хиёнату ҷиноятҳо ба хориҷа гурехтаанд ва ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд, душмани ягонаи миллати тоҷиканд. Наҳзатиҳо то ҳануз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зўроварӣ даст накашидаанд. Ташкилоти террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии наҳзат аст, то ҳануз дар шимоли ҳамсоякишвар бо амалҳои хунхоронааш даҳшатафканӣ дорад. Ҷинояти ваҳшатноки куштори одамон (тоҷикони Афғонистон), ки як соли қабл дар вулусволии Моњимайи минтақаи Дарвози болои Афғонистон аз тарафи қотилони «Ансоруллоҳ» содир гардид, симои воқеии наҳзатиҳоро бори дигар ба намоиш гузошт ва душмани миллати тоҷик буданашонро собит кард.
18-уми феврали соли ҷорӣ раиси мақомоти амнияти Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ зимни суханрониаш дар доираи Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм таъкид карда буд, ки фаъолияти террористии созмони «Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии наҳзат) дар шимоли ҶИА идома дорад ва хатари ҷиддие ба амнияти минтақа дорад. Ин навъ мавқеъгирии расмии Ҳукумати Афғонистон гувоҳи он аст, ки симои созмони террористию экстремистии наҳзати исломӣ барои соири давлату кишварҳо, ки алайҳи терроризму экстремизми динию мазҳабӣ муборизаи дастҷамъона мебаранд, ошкор шудааст.
Ба ин маънӣ, Ҳаракати Толибон, ки ҳадафи гирифтани қудрати сиёсиро дар кишвари худ дунбол мекунад, ба Тоҷикистон хатаре надорад. Ҷангиёни ин ташкилот дар тамоми давраи мавҷудияти худ ягон амали душманонае зидди мардумони кишвари мо анҷом надодаанд.
Имрўз мардуми кишвар амиқан медонад, ки ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст. Раҳбари фирории наҳзатӣ, аз бозе ки дар хориҷ паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст, мудом дар қолаби иддаофурӯшии пуч созмони хунхори худро бо русиёҳӣ ба унвони ташкилоти мардумӣ ва дур аз ифроту тафритгарӣ ташвиқу тарғиб мекунад ва алайҳи давлати Тоҷикистон тавтеаву дасисаҳои нав ҷур месозад. Ба масъалаи хатари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ ба минтақа таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи муҳимро ироа менамоем:
1. Созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ наҳзатро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил кардаанд. Барои намуна, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони њамкориҳои Шанхай ҳанӯз 29 январи соли 2016, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ташкилоти наҳзати исломиро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуда буд. Маълум аст, ки СҲШ ҳамчун ниҳоди муқаввои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули 3,3 млрд аҳолӣ дарбар мегирад ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба масобаи ташкилоти террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. Гузашта аз ин, вазири давлатии умури хориҷии Ҳиндустон ҷаноби М.Ҷ.Шри Акбар 4 майи соли 2018 зимни ироаи гузориши ихтисосӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуноматомез вазъияти минтақа ва таҳдиду хатарҳои муосирро дуруст дарк намуда, дар асоси мадорики зарурӣ таъкид карда буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи хатари ҷиддӣ – сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ рондани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан ТТЭ ҲНИ дастболо шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар наҳзати исломӣ дида, тазаккур дода буд, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ буд.
2. Саркардаи ТТЭ ҲНИ баъди дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдан, таҳти сарпарастии молиявии баъзе созмонҳои манфиатдори хориҷӣ қарор гирифта, тавассути сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию хабарӣ иғвогарию тавтеабозиро алайҳи давлати Тоҷикистон идома дод ва то имрӯз ин масирро бешармона мепаймояд. Тариқи расона, сомона ва торнамоҳое, ки бо сармояи пуштибонони хориҷии наҳзат таъсис ёфтаанд, саркардаҳои ин созмони хунхор бо раҳбарии М.Кабирӣ шабонарӯзӣ ба парокандани дурӯғу фитна, таҳрифи воқеиёти рӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳои мамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводиси имрӯзӣ, тавзеҳи муғризонаю яктарафаи руйдодҳо ва пахши иттилооти нодурусту душманона машғул аст. Баъзе сомона ва пойгоҳҳои наҳзатӣ ба хотири пахшу нашри иттилооту матолиби муғризона аз ҷониби созмонҳои марбутаи ғарбӣ масдуд шуданд.
3. Наҳзат, махсусан давоми зиёда аз як соли охир дар заминаи шуюъи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ ба иғвогарӣ ва дасисачинӣ даст зада, муртакиби хиёнатҳои ҷиддӣ гардид. Замоне ки тамоми давлат ва кишварҳои муқтадири минтақаю ҷаҳон дар фикри ҳалли мушкилоти беҳдоштӣ ва маҳори коронавирус буданд, ба ном мухолифини давлат (наҳзатиёни террорист) дар робита бо паҳншавии вабои мазкур овозаю ҳангомаҳо паҳн карда, худро дар назди созмонҳои сарпарасташон ба истилоҳ, ширин менамуданд. Охири моҳи марти соли гузашта раҳбари созмони ҷинояткори наҳзатӣ мусоҳиба анҷом дода, давлати Тоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дар баробари коронавирус айбдор карданӣ шуд ва бо зоҳир кардани дуруягӣ худро дар фазои маҷозӣ то муддате чеҳрасозӣ кард. Ҳол он ки давлат дар қиболи коронавирус ва ҷустани роҳкорҳои муассир тадбирҳои судманд андешида, то имрӯз ҷиҳати таҳкими раванди беҳдоштӣ аз тамоми имконот истифода мебарад. Воқеан, на он замон ва ҳатто на имрӯз фурсати риёкорӣ ва худпарастӣ набуду нест ва наҳзатиҳо, агар заррае хуни инсонӣ дар рагу шарёнашон ҳаракат мекард, бояд сари андешидани чораҳои зарурӣ дар қиболи ин вируси хатарбор тамаркуз менамуданд ва воқеиятҳои замону ҳассосиятҳои кишварро нодида намегирифтанд. Аммо дар гумон аст, ки ин тоифаи худпараст ва риёкор аз аспи ҷаҳл фуруд оянд