Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт ХИСОРОРТ БАРТАРАФ МЕШАВАД

Ҳодисаи мазкур Ҳумукумати мамлакат ва аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш андохта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ фавран ба раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин тариқи телефонӣ суҳбат доир кард ва аз вазъияти ба амал омада воқиф гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ бо роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокирзода ташкил карда шуд. Маҳматоир Зокирзода дар ҷои ҳодиса бо мардуми зарардида вохӯриҳо гузаронда, зикр кард, ки имрӯз мардуми зарардидаи ин офати табиӣ ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато вақти рух додани ҳодиса дар ноҳияи Рашт қарор дошт. Ӯ бо ҳамроҳии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран ба хонаҳои зарардидагон рафта, ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори тасаллӣ кард.

Ба ҳамаи осебдидагон ёрии тиббӣ расонда шудааст.

Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори миннатдорӣ намуда,бо эътимоди комил иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин рӯзи мушкил танҳо намонад.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин