Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҶАВОНОН УЗВИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ҶОМЕА

 

Қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.

Ин иқдоми наҷиб ҷавонони кишвари моро ба фаъолиятҳои бештар ва иқдомоти шоиста баҳри рушду нумӯи Ватани худ таҳрик дод, ки аз оғози соли 2017 то инҷониб дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваст.

Расулов Толиб

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин