Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВАҲДАТ ПАДИДАИ НОДИРИ ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРИСТ

 

Расида ҷашни Ваҳдатат аё Ватан, аё Ватан,

Муборак ин саодатат аё Ватан, аё Ватан.

Чӣ заҳмату чӣ ранҷҳо кашидаӣ барои мо,

Фидои ранҷу заҳматат аё Ватан, аё Ватан.

 

«Занону бонувони бонангу номус дар оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд ва ба муқобили ноадолатиҳо мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд дар таҳкими давлат ва ваҳдати миллӣ хиссаи хешро гузошта, дар мубориза бар зидди афроди тундрав, хурофотпараст ва шахсони дорои ақидаҳои нопок аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд ва номуси ватандориро баробари иффати хеш муқаддасу муқаддир ҳифз намуданд».

АНДЕША. Сол то сол дар раванди ҷаҳонишавӣ рисолати таърихии Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар аён мегардад. Пас аз пирӯзии фарҳангии сулҳи точикон ва Ваҳдати миллӣ ин тачриба аз чониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мақому манзалати эшон тадбирҳои зиёде андешидаанд. Маҳз истиқлолияту Ваҳдати миллӣ буд, ки мақоми бонувони бомаърифату босаводи тоҷик дар ҳама самтҳо, яъне дар сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илму маориф ва иҷтимоиёт устувор гардид. Ба ҳамин хотир Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Дар ин замина барои дастгирии занон чандин барнома ва стратегияи давлатӣ низ таҳия ва қабул гардиданд, ки албатта баҳри таҳкимбахшии мақоми зан дар ҷомеа накши муҳим мебозад.

Ба ҳамин хотир занону бонувони тоҷик ва тоҷикистонӣ дар фазои сулҳу суббот ва озоду мустақил сарбаландони дар қатори мардони боору номуси миллат кору фаъолият менамоянд.

Ваҳдати миллӣ- сулҳу суботу ҳамбастагии мардуми тоҷик, ки онро бо хости Худованди пок ба Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд, аз ин сарчашмаи таърихӣ об мехӯрад.

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои арзишмандтарин ба ҳисоб рафта, бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳубин карда шавад.

Бигузор хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду сохибистиқлол хамеша нурафшонӣ намояд.

 

Сунатуллоева Мавзуна н. Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин