Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХ

 

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХ

 

Аслан, зиндагӣ шабеҳи саҳнаи театр аст. Ин саҳна ҳам барои ҳунарманд  ва ҳам барои  тамошогар  муқаддас буда, ҳар касе, ки рӯи он мебарояд, заҳмати зиёде мекашад, то ба назари бинанда худро хуб ва намуна нишон диҳад. Ҳар касе, ки ба олами вуҷуд меояд, рӯи саҳнаи зиндагӣ, нақши мушаххаси худро иҷро хоҳад кард.  Нақшҳо мусбату манфӣ, хубу бад, хирадманду ҷоҳил, одилу золим мешаванд. Ба ин хислатҳои инсонии рӯи саҳна танҳо ва танҳо тамошогар  баҳои ҳаққонӣ медиҳад. Офарандагони нақшҳо туфайли сифатҳои гуногуни худ ба олами ботинии бинанда таъсири амиқ мерасонад.

Инсон ана ҳамин тавр, дар саҳнаи зиндагӣ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат мебарояд ва андешаю орзуҳои гуногуни шахсиашро амалӣ кардан мехоҳад. Ҳақиқат танҳо тавассути андешаҳои олӣ, хирадмандона, созандаю бунёдкорона ва дилсӯзона дарёфт мешавад. Аз ин рӯ,  мақсад аз андеша дарёфти ҳақиқат аст, ҳақиқате, ки барои кулли башар зарур буда, ба он ҳамешагӣ эҳтиёҷ дорад. Ин ҳақиқат зиндагии шоиста, рӯзгори хушу пурсаодат ва орӣ аз ҷаҳолату асорату залолати инсон аст. 

Таърихи башарият бисёр мардони бузургу хирадманд, далеру шуҷоъ, муборизи ҳақиқии роҳи адлу инсоф, озодию истиқлол ва хушбахтии инсонро, ки саҳнаи зиндагиро маҳз бо хизматҳои таърихии худ пуробуранг намудаанд, дар саҳафоти худ сабт кардааст. Ин аст, ки имрӯз  мо, мардуми ориёитабор, хусусан тоҷикон, аз Деваштичу Спитамен, Маздаку Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Умари Хайём, Мавлоною Ҳофиз, Ҷомию Навоӣ ва садҳо дигарон бо некӣ ва ифтихори бузурги миллӣ ёдовар мешавем. Чӣ хел аз чунин шахсиятҳои таърихиамон ифтихор накунем, ки бори аввал, ҳангоми ҷашни ҳазорумин солгарди алломаи бузург Абуалӣ ибни Сино (соли 1957) радиои Фаронса ба хотири хизматҳои таърихиаш ёздаҳ соат бо ёздаҳ забон шарҳи ҳолу осори ин мутафаккирро ба мардуми ҷаҳон шунавонд. Аз он ки китоби бузурги ӯ «Ал-қонун фи-т-тиб» асрҳои аср китоби  рӯимизии ҳар як табиби намоёни Аврупо буд, чӣ гуна арҷ нагузорем.  

Боиси хушбахтист, ки дар даврони мо, хусусан дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо ибтикору самимияти махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштаи пурифтихору пурғановати халқамон, ба чеҳраҳои мондагори сиёсию мардумӣ, ки дар назди халқу Ватан ва башарият бо хизматҳои бузурги таърихиашон шинохта шудаанд, аз сари нав арҷ гузошта мешавад. 

Бале,  инсондӯстону халқпарварҳо  ва  меҳанпарастону адолатхоҳон дар ҳар давру замон рӯи саҳнаи зиндагӣ мебароянд ва барои халқу Ватану башарият содиқона хизмат мекунанд. Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров,  Эмомалӣ Раҳмону Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, ки Қаҳрамони Тоҷикистон  мебошанду  бо меҳнату заҳмати фидокоронаи худ  барои  таъсису ташкил ва бунёди Тоҷикистони азизамон, барои шукуфоию шуҳратманд гардондани он дар тамоми дунё саҳми бузурги худро гузоштаанд,  аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳои мондагоранд. Халқи мо, миллати мо, таърихи  мардуми мо  хизматҳои чунин симоҳои бузургро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва дар саҳафоти таърихи худ бо ҳарфҳои заррин  сабт хоҳад намуд. 

Шириншоҳ Шоҳтемур дар оилаи заҳматкаши одӣ ба дунё омада, дар синни бачагӣ аз волидайн маҳрум гардид ва дар нигоҳубини наздикону пайвандонаш монд. Баъдтар тавассути омӯзгори мактаби русии  ҳамонвақтаи Бадахшон имкон пайдо кард, ки ба Тошкант ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна равад, ба корҳои гуногун машғул шавад, дар мактабҳои русзабонҳо таҳсил кунад ва ба ин восита, соҳиби донишу қобилияти дарки воқеоти замон гардад. Баъди Инқилоби Октябр ва таҳсил дар мактабҳои нав донишу маҳорати сиёсӣ пайдо кард, аз чи будани инқилоб, озодӣ, шӯро, бунёду поягузории давлати нав огаҳӣ ёфт. Маҳз маҳорату истеъдоди сиёсии ӯро ба инобат гирифта, ба вазифаҳои масъули ҳамонвақта таъйин намуда, ба Бадахшон фиристоданд. Дар ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, мустаҳкам ва устувор намудани пояҳои сохтори нави давлатдорӣ, мубориза алайҳи душманони миллат, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар  дар он солҳои пуртазоду серташвиш ин шахсияти наҷиб хизматҳои арзанда кардааст. 

Фарзонафарзанди барӯманд якҷоя бо ҳамсафони худ ҷиҳати таъсису ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пайдо шудани  ҳамин гуна ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ фидокорона ва содиқона хизмат намудааст. Вале  дасисабозону душманони кинадори миллат соли 1937 ӯро бо ҳар баҳона душман бароварда, қатл карданд. Хизматҳои содиқонаи ин фарзанди барӯманду фарзонаи Тоҷикистонро халқ  фаромӯш накард. Ин аст, ки баъд аз гузашти солиёни зиёд номи ӯ ҳамчун яке аз барқароркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав зинда шуда, сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.  

Воқеан, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони ӯ дар ибтидои асри ХХ дар таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хизмати бузурги таърихиро ба ҷо оварданд. Халқ, миллат ва ҳамаи мардуми сайёра, ки нисбат ба тоҷикон назари нек доранд, хизматҳои таърихӣ ва чеҳраи бузурги сиёсиву илмию фарҳангии ин шахсиятро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.                             

  

Пирмуҳаммад НУРОВ, 

ноҳияи Панҷ 

 

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44278

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

July 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин