Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

 

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.

Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияҳои байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд.

Бо ҳамин сабаб, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хатти мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунад.

Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз сӯи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор таъсис ёфтааст.

Тақаррури дастаи посбонӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад.

Бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хатти убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд.

Маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

July 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин