НАҚШАИ ДАЪВАТИ НАВБАТИИ НАВАСКАРОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД
Рӯзи 1 апрели соли 2021 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштани навдаъватшудагон дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло навдаъватшудагонро барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун мактаби мардонагӣ ворид гардиданашон табрику шодбош намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаи пурмасъули хизмати ҳарбӣ дар ҳифзу гиромидошти хоку муқаддасоти кишвари азизамон барору муваффақиятҳо таманно намуд. Зикр карда шуд, ки маҳз ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонони ноҳия аст, ки тули чанд сол аст ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбии наваскаронро ба иҷро мерасонад. Ва имсол низ ноҳияи мо бо сафи чунин ихтиёриён нақшаи муайяншудаи даъвати наваскаронро ба 107 фоиз расонид, ки он боиси хурсандии ҳар як сокини ноҳия маҳсуб меёбад
Сипас аз тарафи раиси ноҳия ба 11 нафар ихтиёриён, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия курси ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.
Дар охир аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳо
хотири тамошобинонро шод намуданд.

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Қурби асъор
Ҷустучӯ дар сомона
Тақвим
April 2021 |

Мавзеъҳои таърихии ноҳия
Мавзеъҳои таърихии ноҳия