Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ХИЗМАТ БА ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД АСТ.

 

Мусаллам аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан ва ҳимояи онро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд дониста, касро ба он водор месозад, ки дар ҳимояи марзу бум, манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамеша омода бошад. Боиси хушбахтии ҳар яки мо Тоҷикистониён аст, ки кишвари азизамон дорои артиши миллӣ буда, онҳо дар ҳифзу гиромидошти хоку оби диёр, таъриху фарҳанг ва марзу буми он хизмати содиқонау софдилона доранд. Маҳз ҳамин сиришти худогоҳиву хештаншиносии ҷавонони кишвар аст, ки рӯз ба рӯз сафи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардида истодааст.

Зеро ифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як  шаҳрванди мамлакат мебошад. чунки артиш – мактаби бузург    аст ва ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро бояд аз ин мактаб омӯзанд.

Хизмат  дар сафи  Артиши миллӣ нишони мардонагиву ҷасорат буда,  аз ҳар як шаҳрванд зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Ҳифзи марзу бум ва миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи шаҳрвандон  ба  ҳисоб меравад.

Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо  саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир   фароҳам оварда шудааст.

Дар ин робита ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гардидааст, хусусан сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Фурӯғ

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2021
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 1 2

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2021 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин