Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР

 

Рӯзи 5 марти соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба гиромидошти Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. Нахуст раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло ба сухан баромада, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми бонувони ноҳияро ба рӯзи идашон табрику шодбош намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ як қаттор чораҳои муҳимро роҳандозӣ намуд.Ва бо ин мақсад 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тавсиб расид, ки дар заминаи он имрӯз модарону хоҳарони мо дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.

        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ чун ҳамсоли Истиқлолияти давлати баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ба ин васила ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии занони ноҳия тамомои чораҳои заруриро рӯи даст гирифтааст.

Айни ҳол дар ноҳия аз ҳисоби занон 1нафар муовини раиси ноҳия 4 нафар мудирону бахшу шуъба, 4 нафар мутахассис, 2 нафар раиси ҷамоат, 2 нафар муовини раиси ҷамоат ва садҳо нафари дигар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва бондорию хоҷагидорӣ вазифаҳои роҳбарикунандаро бар уҳда доранд.

         Мо имрӯз аз меҳнату фидокориҳои занону бонувони ноҳия чун Гулчеҳра Содиқова, Латофат Махсусова, Ҳанифа Каримова, Мастура Сайфиддинова, Қарасоч Кулобиева, Савсан Навкарова, Тахмина Ашурова, Ҷамила Икромова, Навбаҳор Нимонова, Сурайё Насриддинова, Мастура Холмадова ва собиқ муовини раиси ноҳия Ғафорзода Санам ифтихор менамоем. Зеро онҳо тавонистанд дар иҷрои вазифаи касбии худ дар байни мардум обруи хосаеро касб намоянд.

         Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо намоиши театрикунонидашудаи худ, ки саршор аз таровату назокат ва бузургию меҳнатсолории зан башорат медод, ба чорабини ҳусни дигар бахшид хотири тамошобинонро болида намуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин