Амнияти фазои иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллист
Амнияти фазои иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллист
Дар замони муосир муборизаи давлатҳо барои дастёбӣ ба минтақаҳои аз лиҳози геополитикӣ муҳим беш аз пеш меафзояд. Дар ин росто яке аз шеваҳои маъмулӣ ва роиҷи мубориза набарди иттилоотӣ аст. Набарди иттилоотӣ раванди муборизаи ҳадафмандонаи давлатҳо, ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ тавассути интишори иттилооти ба таври махсус таҳия ва барномарезишудаест, ки ба тағйир додани афкори омма ва мутобиқ кардани он ба ҳадафҳову манфиатҳои интишордиҳандаи иттилоот нигаронида шудааст. Ин набардро таҳоҷуми иттилоотӣ, набарди равониву истихборотӣ (англ. Information and psychological warfare; русӣ: ”информационно-психологическая война”) низ мегӯянд. Дар ин набард, мутаассифона, на фақат корбурди иттилооти саҳеҳ, балки тамоми анвоъи иттилоот низ ҷоиз дониста мешавад, аз ҷумла дасисаангезӣ, туҳмат, беобрӯкунии рақиб, таҳрифкорӣ ва ғайра.
Кишвари мо дар сарҳади бархурди манофеи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад, аз ин аст, ки ҳамеша дар маърази таҳдиди таҳоҷуми иттилоотист. Ҳар давлати манфиатҷӯе дар ин арса ба шеваҳои хос ва аҳдофи мушаххас пружаи зеҳниятсозии худро роҳандозӣ кардан мехоҳад. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ин самт тарғиби рӯзафзуни омӯзаҳо ва ғояҳои тундравонаи диниву мазҳабӣ аст, ки дар фазои иттилоотии кишвари мо тавассути баъзе нерӯҳои хориҷӣ ва гумоштагону муздурони дохилии онҳо ба таври мунтазам интишор дода мешавад. Маҳз ҳамин нерӯҳои дохиливу хориҷӣ буданд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо гардида, Ватанро вайрону мардумро саргардон карда буданд. Дар шароити кунун