Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 28 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ нахуст раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон Ҳабибулло ба сухан баромада, сокинони ноҳияро ба ин ду санаи муҳим муборакбод намуданд. Зикр карда шуд, ки дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриямон ҳодиса, воқеа ва санаҳое ҳасатанд, ки зудуда нашуда, балки бо гузашти вақт дучанд омавӣ мегарданд.

Ҳанӯз 16 ноябри соли 1992 дар ҳолате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат доир гардид, ки дар ҳаёти имрӯзаи кишвари азизамон нақши басо муҳимро гузошт. Зеро вакилони Шӯрои Олӣ шахсеро раиси Шӯро интихоб намуданд, ҳадафу мақсадашон танҳо ваҳдату суббот ва ободиву шукуфоии кишвари Тоҷикистон буд, ки он Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамчунин 16 ноябри соли 1994 Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, дар назди мардум ҳамчун Президент суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 соли Истиқлолият бо натиҷаҳои назаррас ноил гардида, муҳимтар аз ҳама узвин созмонҳои бонуфузи дунё ва аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли ру ба тараққӣ шинохта шуд.

Зикр гардид, ки тағйирот ба моддаи 2-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ки ҳамасола 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷлил мегардад, бо назардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу суббот қабул гардидааст.

Баъди оғози чорабинии тантанавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як гуруҳ наврасону ҷавонони ноҳия, ки дар даври ноҳиявӣ ва вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир барномаи омода намудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, ки ҳама саршор аз дастгириҳои сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишвар башорат медод, хотири иштирокдоронро болида намуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

December 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин