Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ НАВАСКАРОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ИҶРО ГАРДИД.

 

Бешак боиси хушнудии ҳар як сокинии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳаст, ки тули чанд соли охир сафи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони сини даъватӣ афзоиш ёфта, нақшаи даъват дар рӯзҳои аввал иҷрои худро меёбад.

Ин мавсим низ ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъ омада, ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Дар ин рӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи Парчами миллии ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Сараавал муовини раиси ноҳия Одиназода Олим сокинони ноҳияро бахшида ба Рӯзи даъватшаванда шодбош намуда, ба ҳар яки онҳо ҷиҳати дастгирии доимиашон дар амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Зикр карда шуд, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як  шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро артиш – мактаби бузург    аст ва ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро бояд аз ин мактаб омӯзанд.

Вобаста ба ин бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон идома доранд.

Маҳз бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон ин мавсим дар асоси қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 20 нафар ихтиёрион бо курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда, имрӯз ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда мешавад. Метавон гуфт, ки ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеанҳам ватандӯст ва ватанпарвар мебошанд. Зеро тайъи чанд соли охир аст, ки сафи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ноҳияи мо яке аз авалинҳо шуда дар байни вилоят ва ҷумҳурӣ нақшаи даъватро иҷро менамояд.

Сипас ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои таҷассумкунандаи модар-Ватан хотири иштирокдорон бахусус даъватшавандагонро болида намуданд.

Дар охир роҳнамоӣ ва гусели фарзандон бо иштироки падару модарон, хонандагон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин