Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хиёнаткорони Ватан асло бахшида намешаванд

 

Имрӯзҳо дар оинаи нилгун тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуда, дар ин филм доир ба амалҳои ғаразноку манфуронаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо раҳбари Муҳиддин Кабирӣ пешкаши бинандагон гардонида шуд. Ин ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои ба даст овардани Ҳукумати Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик аз солҳои 80-уми асри бист таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо фармони хоҷагони хориҷиашон мубориза бурда истодаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом солҳои 90-ум бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва фармони хоҷагони хориҷиашон ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуда, дар ин ҷанг падар бо писар, бародар бо бародар хуни ҳамдигарро рехтанд. Ва ин хиёнаткорону сагони лаъин бошанд, барои пулу моли бе дарди миён аз ҳамон солҳо сар карда барои сарнагун кардани миллати тоҷик аз паси парда бо хоҷагони хориҷиашон ба сари миллати точик чӣ бадбахтие овардаанд. Мардуми тоҷик аз хамон солҳо бошад ба хубӣ медонанд, ки қаҳрамон кисту дӯшман кӣ. Аз ҳамин лиҳоз аз ин хиёнаткори Ватан ба мисли Муҳиддин Кабирӣ рӯйгардонида дигар намехаҳанд, ки ҷанги таҳмилӣ дубора такрор шавад.

Аммо мо мардуми сарбаланди тоҷик бо сарвари сулҳпарвару оқилу доно ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистони азизамон аз як гиребон сар бароварда ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем. Дигар ягон иродаи сиёсии ғаразнок наметавонад, ки барои ободию шукӯҳфоии мамлакати мо таъсиргузор бошад. Зеро ҳамагон медонем, ки танҳо якдилию якдигарфаҳмӣ моро ба қуллаҳои мурод ва пешрафту тараққӣ мерасонад.

                           Алиҷон Асақолов-муовини раиси Кумитаи иҷроияи

                            ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин