Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Барои ҳимояи Ватан ҳама омодаем!

 

   Доираҳои манфиатҷӯи қирғиз бо ҳимоят аз сарҳадбононашон ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъи сарҳадӣ давлатӣ мебошанд. Ин нуқтаро метавон аз амалҳои ғосибонаашон, ки дар Иди саиди Фитр тарафи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳи оташфишон тир холи карда, хизматчии қушунҳои сарҳадиро захмӣ намудаанд, бармало эҳсос кард. Ҳамчунин баъди ба мусолиҳа омадан ва фаъолияти комиссияи босалоҳият якчанд рӯз пас, аниқтараш 27.05.2020 боз амали иғвогаронаро идома дода тарафи сокини осоиштаи тоҷик, сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, Шаропова Шукрона, ки ҷинси латиф аст, тир холӣ карда, бори дигар собит сохтанд, ки ин тӯдаи авбош на ба занон раҳм доранду на ба кӯдакон.

   Дар ӯрфият мегӯянд, ки «дӯзди зур соҳиби хонаро бастааст» ва амали сокинони марзии қирғиз ҳамҷоя бо сарҳадбононашон ҳамин гуна рисолати ғосибонаю манфиатҷӯёнаи онҳоро тақвият дода, онҳо боре ҳам андеша намекунанд, ки заминҳои таърихии халқи тоҷик ба хотири ҳамсоядории осоишта ва зиндагии якҷояи орому осӯда дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ ба онҳо ҳамчун иҷора дода шуда буд. Ва маънои иҷора ин мувақатан вобаста намудани замин ҳасту соҳибмулк метавонад дар дилхоҳ вақт шартномаи басташударо бекор кунад.

   Мутаассифона доираҳои манфиатҷӯи қирғиз бо дастгирӣ аз элитаи сиёсии шурандозу бадгуҳари худ ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар минтақаҳои марзӣ мебошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ роҳи мусолиҳа ва шартномаҳои қаблан басташудаи комиссияи байнидавлатиро эътироф намекунанд. Ва, бадбахтона сари ҳар вақт бо амалҳои иғвогарона вазъро ноором сохта, тамоми аъмоли нооромсозии вазъро дар сарҳад ба души мардуми марзии Тоҷикистон бор мекунанд. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври воқеӣ маълум аст, ки тирпаронӣ аз аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ қирғиз оғоз гардидааст, вале ҳамчун ҷанги иттилоотӣ ҳар бор ҳукуматдорони қирғиз ин иттиҳомоти воқеиро рад мекунанд. Ин амали ғосибона бори дигар исбот мекунад, ки дар бисёр маврид ҳукуматдорони қирғиз аз баёни ҳолати воқеии мушкилоти сарҳад чашм пӯшида, аҳволи вазъи сарҳадиро ба зиммаи олами ҷиноёт ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй мегузоранд, ки боиси нооромию хархаша ва мураккабшавии муносибат дар хати марз ва дар маҷмуъ миёни давлатҳо мегардад.

     Метавон ёдрас шуд, ки мардуми тоҷик аз азал мардуми меҳмондӯсту ҳамсоядӯст ва таҳаммулпазир аст ва афроди ҷиноятпешаи қирғиз ба хуби эҳсос мекунанд, ки ҷаҳолату якравии онҳо шояд барои ба мақсад расидан мусоидат кунад. Вале таҳаммулу ҳусни ҳамҷаворӣ ҳадду ҳудуд дорад ва баъди чунин амалҳои яктарафаю манфиатхоҳонаи давлати ҳамсоя дигар роҳи гузашту ҳамдилӣ роҳи ҳалли масъала нахоҳад буд. Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони ғаюри Ватан барои ҳимояи марзу бум ва замини бобоӣ ҳамеша омодаанд. Имрӯз баъди мушкилоти солҳои марзӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ба хубӣ аз фаъолияти доираҳои манфиатҷӯи қирғиз огоҳанд ва заминҳои бобоиро бо арзиши ҷон муҳофизат хоҳанд кард.

     Қирғизи чашмтанг бояд дониста бошад, ки решаи тоҷик аз умқи таърих об мехурад ва мактаби мардонагию сипаҳсолории мардуми мо назди тамоми аҳолии сайёра маълуму машҳур аст. Аз ҳама роҳи ҳалли дурусти масъала ин пешгирӣ аз тавтеаю иғвоандозист ва дар сурати ғайр ҷавонони ғаюри Ватан барои дифо аз ору номус, аз миллату меҳан якдилона омода хоҳем буд.

 

                                         Алиҷон Асақолов, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

July 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин