Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ватандорӣ ба кирдор аст на ба гуфтор!

 

   Имрӯз тамоми сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ аз паҳншавии бемории короновирус азоби ҷисмонию равонӣ мекашанд. Агар дар бархе аз давлатҳо сокинон ба оғози зиндагии муқаррарӣ баргаштанд, вале қисмати дигар дар ҳоли хуруҷи беморӣ бо ин вабои аср бобати амн мондани саломатии худу аҳли ҷомеа дастбагиребонанд. Мутаассифона дар ин рӯзҳои ҳассос дар баробари паҳншавии бемории коронавирус мухолифини давлат бо роҳбарии «оғо»-и Муҳиддин Кабирӣ ба ба торҳои нозуки асаби сокинони кишвари маҳбубамон, ки дар ростои муҳофизаткорӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ, ки азоби руҳию равонӣ мекашанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаҳои тарғиботии зиддидавлатиро ба ҳукми анъана дароварданд. Гарчанде ҷомеаи шаҳрвандии мо аз роҳҳои пешгирию мубориза ба муқобили ин вабо тамоми нерӯи созандаи худро равона сохта истодаанд, мутаассифона Кабирию ҳамсафонаш дар фикри сиёсисозии ин беморию истифодаи «лаҳзаи муфид» барои амалигардонии хостаҳояшон гардидаанд. Ва бадбахтона сари ҳар баромад «оғо»-и Кабирӣ дар якҷоягӣ бо аҳли ба ном паймон бо ангезаҳои сиёсӣ хостгори ба шур андохтани мардум мебошад ва ин гуфтаҳоро бинандаи ҳушманд сари баромадҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармало эҳсос мекунад.

   Мусаллам аст, ки саромади ҳама нобасомониҳо дар ҷомеа аз интишори маълумоти ғаразноку яктарафа ва истифодаи нодурусти афкори бархе аз сокинон, ки дар ботлоқи таассубу ифрот ғӯтидаанд, сарчашма мегирад. Истифодаи ин тоифа мардумро роҳбари гурезпои ҳизби мамнуи наҳзати ислом М.Кабирӣ ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои сиёсии худу ҳамтоёнаш медонад ва ӯ рӯи рост аз дастбакоргирии тазоҳуроту қурбонӣ шудани мардум ба хотири қонеъ гардонидани нафси аҳриманиаш ба ҳеҷ ваҷҳ даст кашиданӣ нест. Исботи ин гуфтаҳоро метавон аз саҳифаи иҷтимоии ба номи паймони миллӣ ба хуби эҳсос кард ва дар ин масир тафриқаи «оғо»-и Кабирӣ миёни ғазову инқилоб ва нобасомонӣ андохтан дар ҷомеа ба таври воқеӣ маълум мегардад. Ҳатто ӯ ба забони ҳол ёдовар мешавад, ки инқилоб бе қурбонӣ намешавад. Ин ҷо дар зеҳн фикри дигаре чарх мезанад, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ шумораи зиёди аҳолӣ бо дасти ҷаллодони наҳзатӣ кушта шуданд бас набуд, ки маротибаи дигар худбохтаю худфурӯхтаи Кабирӣ ҳанӯз ҳам дар фикри рехтани хуни мардуми бегуноҳ гаштааст?

   Имрӯз ҷомеаи мо ду мушкилӣ дорад. Аввал агар коронавирус тану ҳоли мардумро ранҷур сохта бошад, мушкилии дуюми мо ин ақидаҳои қаблан таҳрезишудаи ҳаводорону тарафдорони сарсахти наҳзатӣ бо роҳбарии М. Кабирӣ дар хориҷи мамлакат аст, ки тану ҷони миллатро шифо ёфтан намегузоранд. Вагарна дар ин рӯзҳои ҳассос барои ҳамгироию ҳамрайии мардум дар муқобили ин вабои аср чӣ зарурати ба таҳлукаю ғазо тарғиб кардани мардум аст! Ба ақидаи солим бо андохтани кинаю бадбинӣ, ки имрӯз тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муқобили коронавирус мубориза мебарад, Кабирию ҳамтоёнаш мехоҳанд, ки мардумро ба танӯри оташ кашида, якҷоя бо ин вабои аср миллатро билкул нест кунанд. Яъне аз як ҷониб паҳншавии беморӣ ва аз ҷониби дигар асос гузоштан ба забунсозии асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар «оғо»-и Кабирӣ дар фикри нест кардани ҳамватанони хеш гардидааст. Зеро ӯ аллакай ҳадс мезанад, ки дар Тоҷикистон   ба истиснои якчанд нафар хешовандони дураш дигар ҳама аз кишвар баромада рафтаанд. Яъне, М.Кабирӣ барои ба майдони обу оташ кашидани мардум нақшаи хоинонаашро барвақт омода кардааст ва барои ӯ фарқе надорад, ки дар нобасомониҳо дигар кӣ ҳалок мегардад. Муҳим аз ҳама тамоми хешу табор, аҳлу байт ва тарафдорону ҳаводоронаш дар амн хоҳанд буд. Ба ибораи дигар бозиҳои Кабирию тарафдоронаш истилоҳи «туро газад маро чӣ ғам» ё «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро мемонад, ки мо бояд сари ҳар сухани ин тоифа «сиёсатмадорон» таҳлилу андешаи аниқ дошта бошем.

   Маълум мешавад, ки ин «сиёсатмадор», ки доим лоф аз сиёсату мардумсолорӣ мезанад, дар пасманзари сиёсисозии бемории коронавирус мақсаду ҳадафҳои нопоку разилона дорад ва ҳар бор чун рӯбоҳи ҳиллагар худро аз ҳар як вазъият «софу беолоиш» мебарорад. Бадбахтона, ҳасанд нафароне, ки аз умқи сиёсат бехабар зуд ба гирдоби бозиҳои сиёсии гурӯҳҳои манфиатҷӯ меафтанд ва сари худу ҳаёти худро бо хиёнат ба миллату Ватан барбод медиҳанд.

   Биноан, моро месазад, ки ба ҳар як баромади манфиатҷӯёнаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ки имрӯз М. Кабириро падари маънавии худ медонанд, аз сари ақлу фаросати инсонӣ бархурд кунем. Зеро ҳама нобасомонию вайронкориҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз камфаъолиятию бетарафии сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардида буд.

   Дуюмбора баргаштан ба кураи оташро ҷомеаи мадании мо бо вуҷуди мушкилоти ҷузъӣ ҳеҷ гоҳ намехоҳад ва оромию осоиштагии Ватан барои ҳар яки мо чун обу ҳаво муқаддас аст!

 

 

               Раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар н.Ш.Шоҳин                                                       Т.Назарзода

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин