Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Воҳима аз беморӣ вазнинтар аст.

 

  Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст,ки тариқи расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ ба иттилои мардум хабарҳои паҳншавии бемории короновирусро дар ҷахон мерасонанд. Аз ҷумла.вақтҳои охир бемории мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид гардидани худ оиди хулосаи табибон дарак дод.Бояд тазаккур дод,ки аз паҳншави ва гирифтор шудан ба бемории коронавирус ашхосе мавҷуд аст,ки бея гон таҳлилҳои амиқу дақиқ ба воситаи паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ тариқи шабакаҳои иҷтимои интернетӣ мардумро ба воҳимаву таалука андохтаанд, аз он дида,ки мардумро да рӯҳияи болидахотирӣ вонамуд созанд, лекин баракси ҳол.Тибқи натиҷагири аз хулосаи табибон ҳар рӯз чандин нафар беморон бо дарди гӯш, нафастангӣ, дарди шикам, баланд шудани таб ба табибон муроҷиат мекунанд ва ба худашон пешакӣ ташхиси коранавирус мегузоранд ва ё нишонаҳои коронавирусро меёбанд ва қисмате аз ашхоси дигар худмуолиҷакуниро пешаи худ қарор додаанд. Ногуфта намонад,ки худмуолиҷакуни ва ё ба тарсу воҳима афтодани шаҳрвандони мо оиди гирифтор шудан ба бемории коронавирус яке аз сарчашмаҳои авҷ гирифтани бемории мазкур дар байни мардум мебошад.Лозим ба ёдоварист,ки ба гуфти табибон ва хулосабарорӣ аз ин беморӣ аз ҳама бештар дида бояд ҳар як фарди тоҷик аз худ ва аҳлу оила сар карда гигенияи шахсиро дуруст ба роҳ монда то ки аз ин беморие,ки аз таъсираш дида воҳимааш мардумро гумроҳ ва овора намудааст ба осонӣ раҳо ёфта сиҳатии худ ва ҳам сиҳатии наздиконашонро нигоҳ дошта метавонанд.Ногуфта намонад,ки ҳамаруза талошҳои Ҳукумати мамлакат ва ба хусус ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри солимии миллати тоҷик ва ҳар чи зудтар аз байн бурдани бемории мазкур равона гардида истодааст,

 

     Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,

     Эй азиз! Хез,ки андеша дигар бояд кард.

     Пири мо гуфт: ҷаҳон бар равиши маҳкам нест,

     Аз хушу нохуши у қатъи назар бояд кард.

 

Амриддин Назриев мушовири шуъбаи маориф.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

December 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин