Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Аз бемории короновирус Covid- 19 нахаросед!

 

Торафт доман паҳн кардани вируси хатарафзо (короновирус), ки одамони саросари оламро имрӯзҳо ба ташвиш овардааст,  оқибат ба кишвари маҳбуби мо ҳам омада расид.

Беҳуда сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳонӣ пайомадҳои нохуши ин вабои асрро оқибатҳои фалокатбори баъд аз ҷангӣ, яъне ҷанги дуюми ҷаҳонӣ наномидаанд. Ба таври ногаҳонӣ ва бо суръати баланд дар байни инсоният паҳн гардида, аз ҳар як бошандаи сайёра ҳушёрӣ, зиракӣ ва риояи гигенаи шахсиро тақозо менамояд. Дар маҷмӯъ муборизаи дастаҷамъонаи инсонҳоро бар зидди ин вабо таҳрик менамояд.  

Вале ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои пешгирии беморӣ ин ба таҳлука наафтодану ором нигоҳ доштани асаб мебошад.

Дар ҳолати ба воҳима афтодани инсон ( стресс) боиси гум шудани иштиҳо ва хоб гашта, ба кам шудани қувватноқӣ, яъне паст гаштани иммунитет боис мегардад, ки ин бешубҳа оқибат ба ҳар гуна бемориҳои дигари сироятӣ мубтало гаштани инсон оварда мерасонад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар рӯз тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ,ки (паёмак фиристонида мешавад) аз тарафи мутахассисони худиву байналмилалӣ, оид ба риояи қатъии гигиенаи шахсӣ дар оила, тозагии хонаву ҳавлӣ ва тозагии муҳити зист, безараргардонӣ тавсия дода мешавад, ки риояи онҳо ҳатмӣ мебошанд.

Ҳаминро ҳам фаромӯш набояд сохт, ки оқитбатҳои нохуши чунин бемориҳои сироятӣ боиси бӯҳрони иқтисодию молиявӣ, аз фаъолият боз мондани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷаҳон мегардад, ки ин бӯҳрон ба иқтисодиёти кишвари мо ҳам  бетаъсир нахоҳад монд.

Ҳоло ки дар ноҳияҳои кӯҳистон вақти кишти зироатҳои ѓалладонагиву лубиёгӣ ва сабзавот аст. Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, аз ин фурсати мусоид самаранок истифода намояд. Маҳсулоти лозима, аз ҷумла маводҳои хуроквориро, ки алҳол барзиёд харидорӣ менамоем, яқин барои моҳе кифоягӣ мекунаду халос, аз ҳамин хотир моро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намуда, баҳри беҳдошту таъмини озуқа дар рӯзгору хоҷагиямон барои як ду соли оянда тадбирандешӣ намоем.

Мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар гуфтанием, ки ба таҳлукаву воҳимаангезии душманони миллати тоҷик бовар накарда,   баҳри беҳдошти солимии фардӣ ва ҷомеаи муосир тамоми нерӯи худро равона созанд. Зеро ободию пешрафти кишвари азизамон аз фаъолияти босуботи ҳар яки мо вобаста аст.

Ба ақидаи дигар зиндагӣ идома дорад ва мо бояд барои худу насли оянда тамоми васоити истифодаи беҳдошти зиндагиро самаранок истифода намоем.

Баринисо Қурбонова- вакили Мачлиси вакилони халқи ноҳияи Ш.Шоҳин.

 

        

           

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

December 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин